Ваҷҳи асосии тафтишот вобаста ба ҷинояти бо моддаи 187 КҶ ин нишондоди Муродов Сарабек ва Аюбов Фозил аст. Мутобиқи нишондодҳои додаи ин шахсон дар рафти тафтишоти пешакӣ, гуё санаи 06.03.2015 сол дар манзили истиқоматии Назарзода А. бо баҳонаи маърака ман, Ҳисайнов У., Кабирӣ М., Назарзода А. ва Муродов Сарабек ҷамъ шуда, нақшаи табадуллоти давлатӣ ва роли ҳар яки худро дар ин амал тақсим карда бошем.
Ҳангоми пурсиш дар толори суд Муродов Сарабек чунин иброз дошт, ки ӯ аъзои ҲНИТ набуда, бо Назарзода дӯст ва рафиқӣ доштааст. Баъди интихоботи соли 2015 ӯ дар манзили истиқоматии Назарзода Маҳмадалӣ Ҳаит ва дигаронро дидааст. Вале вақти ин вохурӣ дар ёдаш нест. Дар ин нишаст Кабирӣ, Назарзода, Ҳаитов, Саидумар Ҳусайнӣ, ӯ ва як хизматгори дигаре будааст, ки ӯ номашро намедонад. Ин хизматгор имконияти шунидани суханони онҳоро он қадар нағз ҳам надоштааст, чунки омада хурок оварда мерафтаасту халос. Санаи нишастро ӯ тахминан моҳҳои март гуфт. Ҳангоми вохурӣ суҳбати онҳо дар бораи натиҷаҳои интихобот будааст. Дигар боз дар кадом мавзӯъ суҳбат мекарданд дар ёдаш нест. Ин нишондодҳои дар толори судӣ додаи Муродов С. аз нишондодҳои дар рафти тафтишот додаи ӯ фарқият доштанд.
Ва ҳангоме, ки айбдоркунандаи давлатӣ протоколи пурсиши ӯро хонда дод, шоҳид Муродов Сарабек нишондодҳои дар тафтишот додаашро қисман тасдиқ кард. Ӯ иброз дошт, ки дар ҳақиқат Назарзода А. он руз маърака дошт. Ва ӯ низ ба монанди дигар даъватшудагон дар он иштирок кардааст. Вале дар вохурие, ки байни онхо ва ман гузашта аст сухан дар бораи табадуллот ва зарурияти зуран ҳокимиятро ғасб кардан намерафт. Масъалаи тақсими вазифаҳо низ байни иштирокчиёни вохурӣ баррасӣ нашуда буд. Ба ғайр аз ин ӯ иброз намуд, ки бо фармони Назарзода А. ӯ ва рафиқонаш пештар якчанд маротиба дар назди корхонаи нонбарорӣ, ки ба Назарзода тааллуқ дорад ҷамъ шуда, яроқу аслиҳа ва либосҳои низомӣ пушида ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон барои ором ва муътадил намудани вазъият аз тарафи Ҳукумат сафарбар мешудаанд. Оиди ин гуруҳҳои низомии Назарзода А. мақомоти қудратии кишвар медонистанд ва худи онхо онҳоро истифода мебурданд. Ва ҳар як чунин даъватро ӯ ва шарикони ӯ ҳамчун даъвати давлат ва Ҳукумат мехисобиданд.
Санаи 06.03.2015 сол ӯ ба хонаи Назарзода барои маърака омада будааст, на барои ягон маслиҳати пинхонӣ. Дар ин маърака сухан дар бораи табадуллот намерафт. Он суханоне, ки ӯ дар рафти тафтишот додааст худаш намедонад чи хел додааст ва барои чӣ нисбати мо туҳмат кардааст.
Дар рафти мурофиаи судӣ, баъд аз ин нишондодаш, боз ӯро ҳамчун шоҳид такроран санаи 26.02.2016 сол дар рафти мурофиаи судӣ пурсиданд ва сабти навори нишондодашро, кӣ дар тафтишот додааст, мо ҳама тамошо кардем.
Дар ин навор ӯ қисман тасдиқ мекунад, ки вохурӣ дар манзили истикоматии Назарзода А. баргузор гардида буд ва сухан дар бораи зарурияти табадуллот мерафт. Вале оиди он, ки ман дар ин вохури чӣ мегуфтам, чӣ амал иҷро мекардам ӯ чизе аниқе гуфта натавонист. Дар ин сӯҳбат ба гуфти Муродов С. факат Кабирӣ ва Назарзода сухбат мекарданду халос. Аҷибаш он аст, ки Муродов ҳатто намедонад кӣ ин наворро дар куҷо ба навор гирифтааст, он пеш аз рӯбарукунӣ бо ман гузаштааст ё не. Ӯ намедонад, ки барои чӣ даъфаи гузашта дигар хел нишондод додааст. Дар рафти мурофиаи судӣ чунин ба назар мерасид, ки ӯ зери таъсири ягон намуди маводи нашъадор ва ё дигар моддаи химиявӣ, ки тафаккури инсонро суст мекунад қарор дорад. Ба саволҳои ҳимоя ва ман «намедонам, чизе гуфта наметавонам, нафахмидам» ҷавоб медод. Ба саволи судшаванда Ҳисайнов У., ки чаро дар навор оиди таҷсимоти вазифаҳо баъди табадуллот чизе нагуфтед, вале дар протоколи рӯбарукунӣ бо ман ва Ҳаитов М. оиди он гуфтед, Муродов С. ҷавоб дод, ки ин суханонро ба ӯ Назарзода А. танхо баъди маърака ба ӯ гуфта будааст. Ва ӯ оиди табадуллот умуман чизе намедонад. Тафтишоти пешакӣ суханони ӯро оиди таъсиррасонӣ ба Ҳукумат нодуруст сабт кардаанд, ӯ табадуллот нею калимаи фишорро дар назар доштааст, ҳангоми иштирок дар сӯҳбати Кабирӣ ва Назарзода. Дар ин сӯҳбат ӯ аниқ намедонад, ки ман суханронӣ мекардам ё не. Суханони шоҳид Муродов С. — «ман оиди фишори ба Ҳукумат медодашуда чизе аниқ нафаҳмидам, ки чӣ гуна аст, сиёсӣ ва ё ҳарбӣ. Ва оиди тақсимоти вазифа танҳо аз суханони худи Назарзода А. баъдтар фаҳмидам».
Яъне, ки шоҳид Муродов Сарабек шоҳидӣ дода наметавонад, ки ҳангоми сӯҳбат дар манзили истиқоматии Назарзода А. сухан дар бораи фишори ҳарбӣ ба Ҳукумати конунӣ ва таҷсими вазифаҳо барои иҷрои ин амал байни Ҳаитов, Ҳисайнов, Назарзода ва Кабирӣ гузаштааст ё не. Мутобиҷи талаботи моддаи 73 КМҶ ҶТ шоҳид сарчашмаи маълумотҳояшро бояд нишон дода тавонад ва он бояд аз тарафи тафтишот ва суд санҷида шавад. Агар сарчашмаи ин маълумот санҷиданаш ғайриимкон бошад, онгох маълумоти додаи ӯ далел шуда наметавонад.
Ҳамин тариқ, он маълумоте, ки шоҳид Муродов С. оиди сӯҳбат ва тақсими вазифаҳои мушаххаси ҳар як суҳбаткунандагон гуфта гузашт, бинобар ғайриимкон будани санҷиданашон ҳамчун далел набояд ҳангоми баровардани ҳукм истифода шаванд. Ин талаботи қонун аз тарафи судя Сатторзода А. дағалона вайрон карда шудааст. Вале бо чӣ сабаб ва дар кадом асос суди марҳилаи якум нишондодҳои дар мурофиаи судӣ додаи Муродовро шубҳанок шуморида, ба онҳо ҳангоми баровардани ҳукми худ такя намекунад?
Умуман чунин ба назар мерасид, ки худи мурофиаи судӣ ҳам нолозим буд, чунки ягон далеле ба фоидаи мо овардашуда аз тарафи судя Сатторзода ба инобат гирифта нашудааст. Он чизе, ки ба мо тафтишот бор кард, онро тасдиқ кардаасту халос. Пас чи хел мо ба адолати судӣ бовар кунем, агар он давомдихандаи сиёсати таъқибомези тафтишот бошад?
Шоҳиди дигари сохташудаи тафтишот ин Аюбов Фозилбек мебошад. Дар рафти мурофиаи судӣ ӯ нишондод дод, ки –«моҳи март баъди интихобот Ҳоҷи Ҳалим бисёр вакт ош медод. Рафта хурдем. Бегонитараш шофераш ба ман гуфт, ки биё ёрдам кун. Ош бурдан лозим ба меҳмонон. Маҳмадалӣ Ҳаит ва Саидумар Ҳусайниро ман ба меҳмонхона даровардам. Баъдтар Ҳоҷи Ҳалим ва баъд бошад Муродов С. омаданд. Вақти сӯҳбати Ҳоҷи Ҳалим ва Кабирӣ ин ду нафар (Ҳаитов ва Ҳисайновро дар назар дорад) бо ишора тасдиқ мекарданд. Чӣ мегуфтанд намедонам.» Аюбов Ф. ҳаминро фаҳмидааст , ки Муҳиддин Кабирӣ ба Ҳоҷи Ҳалим мегуфт, ки «солҳои 92-ро такрор накунед». Ӯ посуда мебаровардааст. Дигар чӣ гап мегуфтанд дар ёдаш нест, баъд ӯ ба хонааш рафтааст. «Ман ба меҳмонхона медаромадаму дарав мебаромадам, он қадар сӯҳбат нашунидам. Суханони Кабирӣ «кадом руз моро аз Тоҷикистон даф мекунанд» ҳаминашро фаҳмидааст. «Ман бисёр вақт дар коридор будам. Вазифаи ман фақат овардан ва бурдани авқот буд, аниқ дар бораи чӣ мегуфтанд ман намедонам. Оиди он, ки дар нишондодам гуё, ки Назарзода А. гуфта бошад, ки ман одами бовариноки ӯ ҳастам дуруғ аст. Ҳоҷи Ҳалим гуфт- ин коргари завод аст».
Аз ин нишондоди шоҳид чӣ хулоса баровардан мумкин аст? Он ки шоҳид дар ҳақиқат ягон сухани мушаххас ва аниқро дар ин маърака нашунидааст ва шунида ҳам наметавонист. Чӣ хеле, ки ӯ гуфт ӯ фақат як коргари завод буд ва ба Ҳоҷи Ҳалим наздик набуд, ки ӯро ба ин гуна маслиҳатҳо роҳ диҳанд. Вазифааш фақат бурдани хурока ва тоза кардани дастархон буду халос.
Дар рафти мурофиаи судӣ шоҳид Аюбов Ф. камгап, канда-канда гап мезад. Бисёр чизҳоро гӯё фаромуш кардааст. Агар ӯ ин қадар фаромушхотир бошад, пас чӣ тавр баъд аз гузаштани ним сол чунин ҷузъиёти суханони Назарзодаву Кабириро дар ёд гирифтааст ба ман муаммост.
Аз нишондоди Аюбов Ф. дар рафти тафтишот бармеояд, ки гуё ӯ суҳбати Кабирию Назарзодаро дар ягон асбоб сабт карда бошад, ки норезондаву ночаконда ба тафтишот оварда расонидааст. Дар хусуси иштироки ман дар ин маърака шоҳид Аюбов Ф. чизе аник гуфта наметавонад. Ӯ ҳамагӣ манро ба гуфти худ 1 маротиба дидааст. Ҳамон ҳам ҳангоми хабар гирифтанаш дар манзили истиқоматиам, ки он гоҳ, яъне апрели соли 2013, ман бо сару рӯи кафидаю варам ва кабуду сиёх бистарӣ будам. Чӣ хел ӯ бо гузашти 2 сол манро, к хамаги 1 бор дидааст шинохтааст? Шояд шумо гӯед, ки хотирааш кавӣ будааст. Агар ин тарв бошад чаро шоҳид Аюбов дар тан чӣ либос доштани манро рузи 06.03.2015 сол гуфта натавонист?
Ҷавоб якто аст – чунки ман дар ин маъракаи Назарзорда иштирок накардаам. 06 марти соли 2015 ман дар қароргоҳи марказии ҲНИТ будам.
Дар рафти тафтишоти пешакӣ дар бораи ин мо чанд маротиба ба муфатишон ва сардори гуруҳи тафтишотӣ Иброҳимзода муроҷиат карда будем, ки далели дар бинои ҲНИТ будани ман санҷида шавад. Вале, мутаасифона, Иброҳимзода И. барои тафтиши холисона ва ҳаматарафаи парвандаи ҷиноятӣ чорае наандешидааст. Ягон ваҷъи ман оиди бегуноҳиям аз тарафи муфатишони парванда санҷида нашудааст. Ин амалҳо низ аз тарафи суди зинаи якум иҷро нашудааст. Ба нишондодҳои мухталиф, шубҳанок ва маҷбурии шоҳидону судшавандагон суд диққати лозима надодааст. Мухолифатро дар онҳо бартараф накардааст, ки ин аллакай худ қонунвайрокунист ва боиси таъғир ва бекор кардани ҳукми судӣ шуда метавонад.
Ҳамин тариқ, гуноҳи ман дар содир кардани ҷинояти дар моддаи 187 кисми 1 ва 2 кодекси ҷиноятӣ пешбинишуда тасдиқи худро намеёбад. Ягон шоҳид нишондоди аниқ ва санҷидашванда оиди таъсиси иттиҳоди ҷиноятӣ ҳамроҳи Назарзода А. ва дигаронро нисбати ман надодааст. Ба ғайр аз сабти навори шубҳаноки пурсиши Муродов Сарабек дар тафтишоти пешакӣ кадом далели шаъӣ метавонад гунаҳгории манро дар ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ё ҷиноятҳои махсусан вазнин, ҳамчунин роҳбарӣ ба чунин иттиҳод (ташкилот) ё ба ҷузъу томи таркибии онҳо, инчунин ташкили иттиҳоди ташкилотчиён, роҳбарон ё дигар намояндагони гурўҳҳои муташаккил бо мақсади таҳияи нақша ва фароҳамоварии шароит барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ва ё иштироки манро дар иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ё иттиҳоди ташкилотчиён, роҳбарон ва ё дигар намояндагони гурўҳҳои муташаккил тасдик кунад?
Дар рафти тафтишоти судӣ аз тарафи айбдоркунандагони давлатӣ ба мо дигар далелҳои шаъӣ пешниҳод нашудаанд, мо онҳоро надидем ва муҳокима низ накардем. Аз ин лиҳоз такя намудан ба чунин далелҳое, ки дар рафти мурофиаи судӣ таҳлил нашудаанд аз тарафи суд нораво аст.
Муҳтарам аъзоёни коллегияи судӣ, ин кирдор, ки бо он ман айбдор карда мешавам умуман ҷой надошт. Ва агар дар ҳакикат Назарзода А. иттиҳоди ҷиноятӣ ташкил карда бошад ҳам, саҳм ва гуноҳи манро дар ташкили ин иттиҳод бо ягон далели боэътимод дар рафти мурофиаи судӣ айбдоркунадагони давлатӣ тасдиқ карда натавонистаанд.