Рубрики Хабарҳо

Қимати гази мойеъ ба 5 сомонӣ наздик мешавад

Нархи ҳар литр гази мойеъ дар Тоҷикистон дар як моҳи ахир то 60 дирам боло рафта, то ба 4 сомонию 70 дирам расидааст, ки муҷиби нигаронии ронандагон шудааст.

Як моҳи қабл нархи ҳар летр гази моеъ, ки 70 дарсади худравҳои Тоҷикистон аз он ба унвони сӯзишвории аслӣ истифода мекунанд, ба 4 сомонию 20 дирам расида буд ва акнун ба 5 сомонӣ наздик мешавад.

Қимматшавии нархи гази мойеъ дар ҳолест, ки ҳамагӣ се моҳ пеш дар замони карантин ва маҳдудиятҳои равуо ба далели густариши коронавирус дар Тоҷикистон нархи як литр гази моеъ 2 сомонию 50 дирам буд.

Абдулмаҷид Муъминзода, раиси Хадамоти давлатии зидди инҳисории Тоҷикистон муътақид аст бар асоси баррасии ин ниҳод бояд нархи ҳар летр гази моеъ се сомонию 20 дирам бошад.

Муъминзода дар нишасти хабарии моҳи июл ваъда дода буд, ки ин мавзӯъро ба таври ҷиддӣ пайгирӣ хоҳад кард, аммо бо гузашти беш аз як моҳ аз ин изҳори назар нархи гази моеъ ҳамчунон меафзояд ва масъулони ин ниҳод ҳозир ба посухгӯӣ дар бораи иллати қимматшавӣ нестанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи талаботи қонун бояд Хадамоти давлатии зидди инҳисории Тоҷикистон дар ҳолати аз 20 дар сад зиёд қиммат шудани молу коло вориди кор шаванд ва пеши роҳи қимматшавиро гиранд.

Коршиносон мегуянд, азбаски тиҷорати сузишворӣ дар дасти наздикони раисҷумҳур аст, ҳеҷ як мақомоти зидахл пеши роҳи қимматшавии сузишвориро гирифта наметавонанд. 

Ба хотири аз ҷавобгарии қонунӣ гурехтан, монополисти тиҷорати сузишворӣ 15 ширкати воридкунандаи гази моеъ дар Тоҷикистон ташкил кардааст. Бо ин нишон медиҳад, ки тиҷорати сузишворӣ дар дасти як нафар набуда, балки 15 ширкат фаолият мекунанд. Ин ҳолат ба монополист имкон медиҳад, ки ҳатто пеши роҳи вориди кор шудани Хадамоти давлатии зидди инҳисории Тоҷикистонро бигирад. Бо ин ҳол тиҷорати сузишворӣ дар бозори Тоҷикистон рақобат надорад ва ҳар қадаре, ки монополист мехоҳад, нархро мебардорад.

Аммо даъво мекунад, ки Русия, Қазоқистон ва Узбекистон ба унвони кишварҳои содиркунанда, нархи  сӯзишвориро афзоиш додаанд.

Дар соли 2019 Тоҷикистон 430 ҳазор тонна гази мойеъ, ҳудуди 180 ҳазор тонна бензин ва ҳудуди 250 ҳазор тонна газоил аз Русия ва Қазоқистон ворид кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *