Рубрики Хабарҳо

Charlie Hebdo боз карикатураи Паёмбарро (с) нашр кард

Нашрияи франсавии Charlie Hebdo рӯзи сешанбе дар як густохии ҷадид бори дигар карикатураҳои ҷанҷолии тавҳиномез дар бораи Паёмбари гиромии ислом (с)-ро бознашр кард.

Карикатураҳое, ки ин нашрия рӯзи сешанбе онҳоро дубора мунташир кард, нахустин бор соли 2005 дар як рӯзномаи даниягӣ мунташир шуданд.

Карикатураҳо ва тасвирҳои тавҳиномези нашрияи Чарли Ҳебдо борҳо ҷанҷолофарин шудаанд.

Нашрияи франсавии Чарли Ҳебдо дар солҳои ахир борҳо иқдом ба интишори карикатураҳои тавҳиномез дар бораи Паёмбари гиромии ислом (с) кардааст.

Пеш аз ин ва дар соли 2015 иқдоми тавҳиномези нашрияи франсавии Чарли Ҳебдо алайҳи Паёмбари гиромии ислом (с) мавҷи хашм ва нафратро дар миёни мусулмонони ҷаҳон барангехт.

Франсия ин гуна ҳаттокиҳоро озодии баён медонад.

Дар солҳои ахир густариши падидаи исломҳаросӣ ва иқдомоти исломситезона дар кишварҳои ғарбӣ, муҷиби дар тангно қарор гирифтани ҷомеаи мусулмонон шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *