Рубрики Pressa

Маҳмадулло Лутфуллоев: Зидди таҳсили 12-сола ҳастам!


Муаллифи китоби “Алифбо”, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Маҳмадулло Лутфуллоев 90-сола шуд. Ба ин муносибат бо эшон суҳбате доштем, ки фишурдаи он манзури шумо мегардад.

“Алифбо” дар Афғонистон

– Аз ҳолномаатон бармеояд, ки нахустин китоби “Алифбо”-ро дар Кобул навиштаед. Мехоҳам дар ин маврид суҳбат кунед.

– Соли 1978 дар Афғонистон Инқилоби Савр ғалаба кард ва ҳукумати советӣ як гурӯҳ мутахассисонро ҳамчун мушовир ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ин мамлакат сафарбар намуд. Аз ҷумла, маро ба ҳайси мушовири вазири маориф фиристоданд. Яке аз вазифаҳои мо дар Вазорати маориф таълифи китобҳои дарсии ба талабот ҷавобгӯ буд. Зеро китобҳои дарсӣ, аз ҷумла “Алифбо” дар ин кишвар аз методҳои ҳозиразамон тамоман дур буданд. Бинобар ин, банда ба таълифи “Алифбо”-и дарӣ машғул шудам. То инқилоб дар Афғонистон ду забон расмӣ буд – дарӣ ва пашту. Баъди инқилоб 3 забони дигар – ӯзбекӣ, балуҷӣ ва туркманӣ низ мақоми давлатӣ гирифтанд. Ҳамин тавр, ман якбора ба 5 забон “Алифбо” навиштам. Банда асосан тибқи талаботи нав бо дарӣ менавиштам ва мутахассисон ба ин забонҳо онро мутобиқ мекарданд. Дар Вазорати маориф шуъбаи таълиф ва тарҷума буд. Соли 1980 китоби “Алифбо” ба забони дарӣ омода шуд, вале чун ҳукумат дар дасти паштуҳо буд, супориш шуд, ки аввал алифбои паштуӣ чоп шавад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ва аз қафояш алифбои забони дарӣ чоп шуд.

– “Алифбо”-и шумо чанд сол китоби дарсӣ буд?

– То омадани мо, яъне то баромадани Артиши Шӯравӣ аз Афғонистон.

– “Алифбо” ба хати кирилӣ буд?

– Бале. Вақте Бабрак Кармал ба сари ҳукумат омад ва Афғонистон демократӣ шуд, онҳо кӯшиши қабули хати кириллиро карданд. Он вақт натанҳо китоби “Алифбо”, балки физика, математика ва дигар китобҳои дарсӣ низ ба кириллӣ чоп шуданд. Банда ҳам чандин китоби дарсӣ барои макотиби Афғонистон навиштам. Аз ҷумла, “Забони модарӣ” (барои синфи 1), “Асосҳои омӯзиш” (ба забонҳои дарӣ ва пашту), “Алифбо барои калонсолон”, “Дастури забони дарӣ” (наҳв) ва ғайра. Қисме аз он китобҳоро худам оварда дар нашриёти “Маориф” дар Тоҷикистон нашр мекардам. Он солҳо китобҳо барои Афғонистон дар Кобул, Душанбе ва Москва чоп мешуданд.

Одил Нозир, журналист ҳангоми мусоҳиба бо академик Маҳмадулло Лутфуллоев

Аз “ав-ав” то “Лола”

– Аз солҳои 80-ум ба инҷониб, ҳамаи Тоҷикистон аз китоби “Алифбо”-и шумо соҳиби хату савод мешаванд. Чӣ гуна ин шараф насиби шумо гардид?

– Соли 1980 банда ба рухсатии меҳнатӣ баромада, аз Кобул ба Душанбе омадам. Як рӯз маро ба Вазорати маориф даъват карданд. Бумагина ном шахс мудири шуъбаи таълифи китобҳои дарсӣ буд. Ӯ бо директори Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ Баҳовиддинова ба ман пешниҳод карданд, ки “Алифбо” нависам. Рад кардам. Гуфтам, ки “Алифбо” соҳиб дорад, Ҳилол Каримов зиндаанд. Ман чӣ хел менависам? Баҳовиддинова як хатчаро бароварду ба ман нишон дод. Дар он як сатр навишта шуда буд: “Ман дигар “Алифбо” наменависам. Ҳилол Каримов”.

Гап дар сари он, ки ҳамон сол қарор шуда буд, то таълим дар мактабҳо аз 6-солагӣ оғоз шавад ва хусусияти “Алифбо” бояд тағйир дода мешуд. Қабл аз ин банда барои синфҳои тайёрӣ китобе навишта будам, ки “Субҳи дониш” ном дошт. Ҳамин аст, ки ин корро ба ман супориданд. Дигар ин ки, “Алифбо”-и пештара камбудиҳои зиёд дошт, ки дар ин хусус банда тақризҳо навишта будам.

“Алифбо”-и устод Ҳилол Каримов аз калимаи “ав-ав” сар мешуд.  Ҳилол Каримов ба ман гуфтанд, ки як рӯз ба синфи 1-и мактаби №15 даромадам, ки тамоми синф баробар ав-ав мегуфтанд ва ман гӯшҳоямро дошта фирор кардам…

Дар нашри нав муаллим онро ба “аҳ-аҳ” иваз карданд, ки ба назарам бадтар шуд…

Ман вақти навиштани “Алифбо” дар мавриди калимаи нахустин зиёд фикр кардам. Зеро калимаи якум дар “Алифбо” нақши муҳим мебозад. Он бояд ба бачаҳо наздик бошад, онро бинанд, донанд, имкон бошад, муаллим онро ба синф орад ё расмашро нишон диҳад. Бинобар ин, банда калимаи “Лола”-ро интихоб кардам. Калимаи зебо, номи гуле, ки дар саросари Тоҷикистон мерӯяд ва номи маъмули духтарона. Хулоса “Алифбо”-ро навишта, ба Вазорати маориф супоридам ва он ҳамчун китоби дарсӣ қабул шуд. То ба имрӯз онро чанд маротиба тағйир додем. Тағйироти охиринамон ҳанӯз дар баррасии вазорат аст ва қарор аст, ки чоп шавад.

– Чӣ зарурат пеш омад, ки китобро тағйир диҳед?

– Бо талаботи замон ҷавобгӯ бояд кард. Банда ба кишварҳои мухталифи олам рафтам, ба Аврупо, кишварҳои назди Балтика, Русия ва ғайра. Таҷрибаи таълифи “Алифбо”-ро омӯхта, бо ҳамкорон китобро такмил додем. Камбудии ҷиддии “Алифбо”-и мо ба назар нагирифтани монандии ҳарфҳо буд, ки онро ислоҳ намудем.

Аз таҳсили 12-сола то гузаштан ба хати ниёгон

– Чанд сол аст, ки дар Тоҷикистон талош мекунанд, то ба низоми 12-солаи таҳсил гузаранд. Тибқи низоми нав таҳсил дар мактабҳо аз синни 6-солагӣ шуруъ мешавад. Шумо дар ин бора дар боло ишора кардед. Аммо чӣ назар доред?

– Тавре гуфтам, дар давраи советӣ мо таҳсил аз синни 6-солагӣ гузашта будем. Исбот шудааст, ки кӯдак дар ин синну сол қобилияти қабул дорад. Ман тарафдор ҳастам, ки таҳсил аз 6-солагӣ оғоз шавад, вале муқобили таҳсили 12-сола ҳастам. Мо бояд ба назар гирем, ки зарур аст, ки 12 соли умри як инсон дар мактаби миёна гузарад? Беҳтар нест, ки як ҷавон зудтар ба хизмати Ватан пардозад? Бояд ин масъалаҳо ҳаматарафа омӯхта шаванд.

– Солҳои охир як гурӯҳ тарафдори гузаштан ба хати ниёгон ҳастанд. Шумо, муаллифи “Алифбо”-и кириллӣ, ба ин чӣ назар доред?

– Ман аз ин баҳсҳо огоҳам. Солҳои 90-ум вақте таълими алифбои ниёгонро ҷорӣ кардем, банда нахустин китоби “Алифбои ниёгон”-ро барои макотиби тоҷикӣ таълиф кардам. Яъне ман бо ҳуруфи ниёгон мушкил надорам. Вале гузаштан ба хати ниёгон ва босавод кардани мардум бисёр душвор аст. Ҳоло дар мактаб фанни “Алифбои ниёгон” таълим дода мешавад, касе хоҳад, дар донишгоҳ меомӯзад ё тариқи худомӯзӣ.  

– Мехоҳам дар бораи “Алифбо” ба хати ниёгон муфассалтар суҳбат кунед. Ин китоб чӣ гуна таълифу нашр шуд?

– Солҳои 90-ум зарурати таълими алифбои ниёгон дар мактабҳо пеш омад. Банда китобро навиштам, вале матбааи ба талабот ҷавобгӯ набуд, ки онро чоп кунем. Муовини вазири маорифи Эрон Ҳаддоди Одил бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад. Ману ӯ ва Лоиқ дар телевизион дар барномае ширкат кардем. Вақте масъалаи мушкили нашри китобро гуфтем, ӯ чопи онро ба уҳда гирифт. Мо китобро ба Теҳрон фиристодем, вале хабаре нашуд. Муддате гузашту вазири маориф Зокиров, Ниёз Сафаров ва ман ба Теҳрон рафтем. Ба қабули Ҳаддоди Одил даромада, тақдири китобро пурсидем. Ҳаддоди Одил гуфт, ки “Алифбо”-ро гирифтем, мутахассисон омӯхтанд, шумо ба Тоҷикистон рафта, муллифро равон кунед. Зокиров ба ман ишора карда гуфт, ки мана муаллиф. Ҳаддоди Одил хурсанд шуда, гуфт: “Ба шумо роҳи сафед, ин кас ин ҷо кор мекунанд”. Ҳамин тавр, се моҳ дар Теҳрон мондам ва камбудиҳои китобро бартараф карда, онро 500 ҳазор нусха чоп карда, ба Тоҷикистон овардам. Ин китоб чандин сол китоби дарсӣ буд.

Кӯдак бояд дар кунҷак нашинад

– Масъалаи таълиму тарбияи фарзанд, ба гумонам аз оғози офариниш масъалаи дараҷаи аввал будааст. Шумо ҳамчун нафаре, ки умратонро ба ин соҳа бахшидед, бигӯед, ки барои тарбияи фарзанди босавод ва хушахлоқ чӣ зарур аст?

– Барои посух гуфтан ба ин савол, китобҳо навиштан лозим. Вале агар посухи кӯтоҳ хоҳед, чунин аст. Нахуст, падару модар бояд босавод бошанд. Вале таҷриба нишон медиҳад, ки ин ҳам бисёр муҳим нест. Муҳим ин аст, ки онҳо аз мактаби одоб гузашта бошанд. Тарбия гирифта бошанд. Тарбияе, ки аз падару модар кӯдак мегирад, як умр дар хислаташ мемонад. Ин тарбия бояд дар кӯдакистон идома ёбад. Бояд дар кӯдакистон ҳам мутахассисони нағз кор кунанд. Ва ин раванд баъдан дар мактабу донишгоҳ идома ёбад. Агар дар ин масир, яъне аз хонавода то донишгоҳ андаке эҳтиёт накунем, фарзандон аз роҳ мебароянд. Муҳит ҳам нақши калидӣ мебозад. Барои ҳамин масъалаи сотсиализатсияи таълим ба вуҷуд омадааст, яъне иҷтимоъ шудани таълим. Кӯдак бояд иҷтимоъ бошад, фаъол бошад, дар вақти таълим, дар вақти кораш ҳам. Дар кунҷак нашинад, фаъол бошад. Ӯ худашро узви комилҳуқуқи ҷомеа эҳсос намояд.

Банда дар ин хусус чандин китобу мақола навиштаам. Дар ин авохир китобе навиштам, ки “Педагогикаи Шарқ” ном дорад ва дар он ҳам дар ин маврид суҳбат мешавад. 

– “Педогогикаи Шарқ” чӣ китобе аст?

– Аз давроне, ки дар Омӯзишгоҳи педагогӣ ва баъдан дар Донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил кардам, мехондем, ки педагогика аз Ғарб сар мешавад. Дар ягон ҷо педагогикаи Шарқ набуд. Фикр кардам, ки агар таърихи мо, фарз кардем аз Саразм оғоз шавад, яъне мо тамаддуни 5500-сола дорем. Ва беҳуда нест, ки дар Ғарб “Восточный мудрост” мегӯянд. Агар хиради Шарқ бошад, пас педагогикааш куҷост? Ҳамин аст, ки ин мавзӯро таҳқиқ карда, китобе навиштам таҳти унвони “Педагогикаи Шарқ”. Ин китоб чоп шудааст, вале ҳоло худам онро надидаам.  

– Педагогикаи Шарқ аз Ғарб чӣ фарқ дорад?

– Ин савол ҳам посухи муфассал мехоҳад, ки мо дар ин суҳбат чунин имкон надорем. Кӯтоҳ бигӯям, хусусияти асосии педагогикаи Шарқ ахлоқ аст. Он аз шири поки модар оғоз мешавад. Мардуми Шарқ, махсусан хонумҳо ба нӯшокиҳои спиртӣ ва маводҳои заҳролуд майл надоранд. Дар Ғарб чунин нест. Ҳамчунин, дар Ғарб матале ҳаст, ки инсон то зиндонро аз сар нагузаронад ва ё аскариро нагузарад, инсони комил намешавад. Ин маънои онро дорад, ки инсон аз падару модар тарбияи зарурӣ намегирад, яъне ҷомеа ӯро тарбия мекунад. Дар Шарқ чунин нест. Дар Шарқ ҳамеша ба ахлоқи нек такя мешавад ва ин нишонаи ҳусну камолоти инсон аст. Барои ҳамин панду андарзгӯйӣ дар адабиёти мо рушд кардааст. Мо инро дар эҷодиёти устод Рӯдакӣ, аз ӯ пештар дар Бузургмеҳр – вазири донишманди Анӯшервони Одил мушоҳида мекунем…

– Бубинед, шумо дар бораи аҳамияти педагогикаи Шарқ суҳбат мекунед. Вале ҷомеаи мо натанҳо ба панду андарз ва хиради Шарқ бетаваҷҷуҳ шудааст, балки нисбат ба забони модарӣ ҳам хунукназарӣ мекунанд. Волидайн талош мекунанд кӯдаконашон бештар дар мактабҳои русӣ таҳсил кунанд…

– Шуморо фаҳмидам. Мо қобилияти кӯдакро ҳанӯз дарк накардаем. Кӯдак дар муҳити дузабона ва ҳатто сезабона ҳам метавонад савод омӯзад, дар сурате ки дуруст таълим дода шавад. Таҳсил дар мактаби русӣ ва инглисӣ бад нест. Вале эҳтиёт бояд кард, ки кӯдак дар тарбия ва одати русӣ ғӯтида наравад. Тоҷик боқӣ монад. Ман ба наздикӣ дар як ҷаласа гуфтам, ки эҳтиёт кунед, ки кӯдакро вақте ба кӯдакистон медиҳед, муҳаббати модариро фаромӯш накунад ва муҳаббати модриатонро ба фарзандатон бо забони модарӣ баён кунед. Ин бисёр муҳим аст.

Кӯдаки даврони ҷанг

– Мехоҳам дар бораи худатон ҳам суҳбат кунем. Чӣ шуд, ки ба педагогика рӯй овардед?

– Ман зодаи Данғара ҳастам. Хонаводаи мо баъдан ба ноҳияи Октябр мекӯчанд. Синфи 6-ро тамом кардаму дар гирду атроф мактаб набуд, ки таҳсиламро идома диҳам. Бинобар ин, ба Қӯрғонтеппа рафта, бо тавсияи рафоиқон ба Омӯзишгоҳи педагогӣ дохил шудам. Он вақт дар кишвар омӯзишгоҳи педагогӣ бисёр буд, лекин Омӯзишгоҳи педагогии Қӯрғонтеппа, Конибодом ва Панҷакент бисёр машҳур буданд ва баробар ба Донишкадаву донишгоҳ обрӯ доштанд. Муаллимони донишманд ва меҳрубон ба банда дарс гуфтанд. Маҳз таъсири чунин устодон буд, ки дар қалби ман меҳри илми педагогика бедор шуд. Баъдан Донишкадаи педагогии Душанбе, ҳоло Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айниро хатм кардам ва ба илм машғул шудам.

– Мо чанд рӯз пеш 80-солагии Ҷашни Ғалабаро таҷлил кардем. Шумо ҳам кӯдаки замони ҷанг ҳастед. Аз он рӯзгорон чӣ хотирот доред?

– Хотира зиёд дорам. Ҳоло китоби хотирот менависам, ки ҳанӯз дастнавис аст. Рӯзгори он давронро он ҷо муфассал баён кардаам. Шукри Худо, ки ҷанг дар хоки Тоҷикистон нагузаштааст, лекин воҳимаи он ва таъсири онро мо пурра эҳсос мекардем. Он замон модареро намедидед, ки шабу рӯз гиря накунад. Ҳар рӯз хати сиёҳ меомад. Модари Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Саидқул Турдиев ҳамдеҳаи мо буд, дар он тарафи дара зиндагӣ мекард. Тағои ман Султонмурод ҳам бо ӯ якҷо ба ҷанг рафтанд. Тағоям дар ҷанги Москва ҳалок шуд, Саидқул дар набарди Днепр. Вақте хати сиёҳ оварданд, момаи ман аз ин тарафи дара дод гуфта гиря мекард, аз он тарафи дара модари Саидқул. Ду кампир чунон фиғон мебардоштанд, ки садояшон тамоми дараро ба мотам мекашид… Данғара ватани ғалла аст, вале мо гурусна будем. Бригадаи саракчинҳо ташкил карда будему аз ҳисоби он нон мехӯрдем. Яъне соҳиби ғалла будему гурусна мегаштем, вале ҳеҷ гап не, норозӣ набудем. Кош як аскар сер бошад…

– Устоди азиз, 90-сола шудед. Муборак бошад! Ин марҳилаи умрро бо кадом рӯҳия пешвоз мегиред?

– Афсӯс, ки беморам. Ду пой дард мекунад. Рӯйи ҳавлӣ мегардам, вале аз зина баромада наметавонам. Ҷойи кор ҳам намеравам, чунки утоқи кориам дар ошёни дуюм аст, баромада наметавонам. Ин беморӣ маро дар муҳити танг гирифтаасту аз дӯстону шогирдон ҷудо ҳастам. Гарчанде танҳоям намегузоранд, зиёд хабар мегиранд… Фарзандону наберагон дар атрофам ҳастанд.

Вале шукр, ки тавони навиштан дорам. Мақолаву китобҳо менависам. Чандин нақша дорам, ки дар пайи амалӣ намуданашон ҳастам.

– Ба шумо саломатӣ ва амалӣ шудани нақшаҳоятонро орзу менамоем.

Мусоҳиб: Одил НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *