9 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Баррасии парвандаи Хайрулло Мирсаидов ба таъхир афтод

Додгоҳи вилоятии Суғд баррасии шикояти касатсионии Хайрулло Мирсаидовро ба ҳафтаи дигар гузошт. Ин баррасӣ чоршанбеи оянда, 22 август баргузор мегардад.

Барои ширкат дар мурофиъа намояндагони Иттиҳоди Аврупо, сафорати ИМА, ВАО, созмонҳои ҷамъиятӣ ва хонаводаи Мирсаидов — дар умум 25 нафар дар назди бинои додгоҳ ҷамъ омада буданд, иттилоъ медиҳад Азия Плюс.

Аммо қабл аз оғози мурофиъа котиби додгоҳ ба назди ҷамъомадагон баромада, эълон крад, ки баррасии шикояти Мирсаидов ба ҳафтаи дигар гузаронида мешавад.

Ӯ шарҳ дод, ки дар ҷараёни омодасозии мурофиъа маълум гардидааст, ки яке аз се додраси парванда дар мурофиъаи қаблӣ ва қабули қарори додгоҳи зинаи аввал ширкат кардааст. Бинобар ин ҳайати додрасон тасмим гирифтааст додрас иваз карда шавад. Дар навбати худ, додраси нав бояд парвандаро омӯзад, ки вақт мехоҳад.

Хонаводаи Хайрулло Мирсаидов (аксҳо аз АП)

Маълум нест чаро маҳз ҳамин рӯз — рӯзи мурофиъа маълум гардидааст, ки додрас дар мурофиъаи қаблӣ ширкат карда буд.

Қаблан додгоҳи шаҳри Хуҷанд Хайрулло Мирсаидовро бо иттиҳоми сирқати пули давлат, дасткорӣ дар ҳуҷҷатҳо ва шаҳодати дурӯғ ба 12 соли зиндон маҳкум карда буд.

Дар ҳамин ҳол маъракаи ҳимоят аз Хайрулло Мирсаидов густардатар мешавад.

Ду рӯз қабл 12 созмони ҳуқуқи башар ва журналистӣ бо нашри изҳороте аз сафоратхонаҳои мустақар дар Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилал даъват кардаанд барои наҷоти рӯзноманигор Хайрулло Мирсаидов талоши бештаре кунанд.

Дар ин изҳорот, ки ба он созмонҳое мисли Хюман Райтс Вотч, Кумитаи норвежии Ҳелсинки, Freedom House, Кумитаи дифоъ аз журналистон, Article 19, Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ, Анҷумани милии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ), Гузоришгарони бидуни марз ва ғайра имзо кардаанд аз дипломатҳо ва созмонҳои байналмиллалӣ даъват шудааст дар остонаи муҳокимаи нави парвандаи Мирсаидов ба озодии бидуни шарти ӯ аз зиндон пофишорӣ кунанд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон низ, ки тоза аз тарафи мухолифон дар хориҷи кишвар таъсис шудааст, парвандаи Хайрулло Мирсаидовро дар дастури кории худ дохил кардааст ва ба флешмоби густарда оғоз кардааст.

 

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *