“Ҷаллоди Рамазон Қодиров” кушта шуд?
Одам Делимхонов, вакили Думаи Русия ва аз наздиктарин афроди Рамазон Қодиров, ки бо лақаби “ҷаллоди Қодиров” маъруф аст, ҳадафи ҳамлаи нерӯҳои укроинӣ қарор гирифтааст. Ӯ шадидан захмӣ шуда ва бархе расонаҳо аз маргаш гузориш додаанд.
Гуфта мешавад Дилимхонов зимни ҳамлаи нерӯҳои укроинӣ ба корвони воҳидҳои “Аҳмад” мутааллиқ ба раисҷумҳури Чеченистон ҷароҳат бардоштааст.
Худи Рамазон Қодиров дар саҳифаи телеграмиаш аз нерӯҳои укроинӣ хоҳиш кардааст макони зарабро барои ӯ мушаххас кунанд, то “бародараш Одам”-ро падо кунад.
“Худам наметавонам Одам Дилимхоновро пайдо кунам. Ӯ ба тамос намебарояд.
Аз хадамоти ҷосусии Укроин хоҳиш мекунам маълумот дар бораи ин ки ба кадом нуқта ва мавқеъҳо зарба заданд, бароям ифшо кунанд, то ман бародари азизамро пайдо созам.
Ваъда медиҳам, ки ҷоизаи хубе медиҳам ва хоҳиши ҳамкорӣ мекунам”, навиштааст Рамазон Қодиров.
Дар ҳамин ҳол, аз Думаи Русия хабар додаанд, ки Делимхонов зинда аст.
Одам Дилимхонов аз афроди бисёр наздик ба Рамазон Қодиров аст. Худи Қодиров боре гуфта буд, ки дар сурати маргаш Дилимхонов метавонад ӯро иваз кунад.
Дар замони ҷанги Ичкерия бо Русия, Дилимхонов ронандаи Салмон Радуев, аз саршиностарин қумондонҳои чечен буд. Аммо соли 1999 ба ҷониби Русия гузашт.
Моҳи апрели соли 2022 ба ӯ бинобар ширкаташ дар ҳамлаи ғосибонаи Русия ба Укроин унвони қаҳрамони Русия дода шудааст.