Эрон Трампро ба Интерпол супурд
Расонаҳои эронӣ хабар доданд, ки номи 48 нафар аз афроде, ки дар террори Қосим Сулаймонӣ нақш доштаанд, аз ҷумла Доналд Трамп, раисҷумҳурии Амрико ба Интерпол супурда шуданд ва дархости огоҳиномаи сурх барои онҳо карда шуд.
Тавре радиои Садои Хуросон иттилоъ медиҳад, сухангӯии қувваи қазоияи Эрон Ғуломҳусейни Исмоилӣ дар бораи пайгирии ҳуқуқии парвандаи террори Қосим Сулаймонӣ бо баёни ин ки бархе кишварҳо санадҳое барои Эрон фиристодаанд гуфтааст: «Якояки омилҳо, яъне ин 48 нафар, аз раиси ҷумҳурии Амрико, ки омили аслии террор буд то фармондеҳон ва мақомоти мухталиф шиносоӣ шудаанд.»
Исмоилӣ таъкид карда, ки дар бораи ин муттаҳамон дархости эълони сурх ба полиси байналмилал дода шудааст.
Эълони сурхи интерпол ё эълон барои афроди таҳти пайгард аз назари кишварҳое, ки онро ба мӯҷиби низоми қазоии худ ба расмият шинохтаанд, ба маънии дархости боздошти муваққат аст ва бар ин асос боздошти фарди таҳти пайгардро ташкил медиҳанд.
Сардори сипаҳбуд Қосим Сулаймонӣ фармондеҳи пешини нерӯи Қудси сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис муовини пешини Созмони Ал-Ҳашду Шаъбии Ироқ ба ҳамроҳи ҳашт нафари дигар аз ҳамразмонашон бомдоди ҷумъаи сеюми январи соли 2020 дар атрофи фурӯдгоҳи Бағдод бо шиллики ракет аз паҳпод кушта шуданд.