Чаро Раҳмон асабонӣ аст?
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз (1 сентябр), дар суханоне ба муносибати ифтитоҳи бинои Донишгоҳи давлатии Данғара, бо ишора ба ин ки “мо оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро фаромӯш накардаем” гуфтааст: “Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз масҷидҳои ҳамонвақта, аз ҷониби баъзе муллоҳо ва бо ташаббуси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ки тибқи қонун ҳизби террористӣ эътироф шуда, фаъолияти он манъ гардидааст, оғоз шуда буд.”
Инки ин ҳарфҳо дурӯғ ҳастанд ва бепоя, пеш аз ҳар касе, аввал барои худи Раҳмон ҳувайдост. Ӯ ва ҳампиёлаҳояш хуб медонанд, ки чӣ касоне оташи он ҷанги хонабарандозро дар кишвар равшан кардаанд ва сабабгори кушта шудани даҳҳо ҳазор ва овора гардидани садҳо ҳазори дигар шудаанд. Ва инро ҳам Раҳмон хуб медонад, ки ӯ худаш дар канори Сангаку Файзалӣ, яке аз афроде будааст, ки бо ҳидоят ва роҳнамоии тарафҳои хориҷӣ, ба хусус Ислом Каримови нимамурда ва женеролҳои рус, даст ба қатл ва куштори мардуми худаш зада.
Худойро шукр, торихи он ҳаводиси дилхарош бо ҷузъиёташ ҳама мактуб ва бо аснод ва мадорик ва шавоҳиди зинда дар дастрас ҳастанд. Ва ҳеч кас на қодир аст он ҳақоиқи мусалламро аз зеҳнҳо пок кунад ва на метавонад онҳоро воруна нишон бидиҳад. Аз ин назар ҷойи ҳеч нигаронӣ вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, дар ин навиштор, намехоҳам рӯйи дурӯғ будани ин қабил ҳарфҳо таъкид кунам ва ниёзе ҳам намебинам. Балки дар ин ҷустор, мехоҳам, аз як зовияи дигар ба ин ҳарфҳои Раҳмон нигоҳ кунем. Ва он ин ки: чаро Раҳмон ва соири дастгоҳҳои вобаста ба ӯ, ба хусус Окодемии улум, ҳанӯз даст аз сари муллоҳо, масоҷид, мадориси динӣ ва муқаддасот бардоштанӣ нестанд?
Иллаташ ба назарам пурвозеҳ аст. Ҷаноби Раҳмон — ва ҳампиёлаҳои ӯ, ки ҳамаашон кина ва адовате васфношуданӣ нисбат ба ислом ва масҷид ва мулло ва руҳонӣ доранд – аз ҳамон оғози фаъолияташ ба унвони раисиҷумҳур, саъй мекард, аз ҷойгоҳи ислом ва мулло ва руҳонӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон бикоҳад.
Охирин иқдоми ӯ, мутаваққиф кардани фаъолияти ҲНИТ дар кишвар ва “терурист” эълом намудани он ва ба зиндон афкандани раҳбарон ва фаъолони ин ҳизби исломии мӯътадил аст. Ва дар канори ин иқдомҳо, навкарони Раҳмон дар Окодемии улум, ба як таҳоҷуми густарда алайҳи ислом ва Паёмбар (с) ва куллан муқаддасоти динӣ дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ пардохта ва ҳанӯз ҳам ба ин корашон идома медиҳанд. Албатта, матолибе, ки инон дар расонаҳо мунташир мекунанд, кош сирфан ҷанбаи илмӣ доштанд! Ҳамааш иддаъои холӣ ва ҳарф аст.
Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин иқдомот, Раҳмон ва навкаронаш дар Окодемии улум, мебинанд, ки талошҳояшон ҳеч натиҷае дарбар надошта. Мебинанд, ҷомеа на танҳо аз ислом ва омӯзаҳои он дур ва аз маҳбубияти руҳоният коста нашуда, ки бештар шудааст.
Ҳамин воқеият аст, ки инонро бештар асабонӣ мекунад. Ҳамин воқеият аст, ки ҷаноби Раҳмон ночор шудааст, бигӯяд: сабаби ҳамаи бадбахтиҳо ва ҷанги шаҳрвандӣ масоҷид будааст! Ин ҳарф, ки мегӯяд: “Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз масҷидҳои ҳамонвақта… оғоз шуда буд”, маънояш чист? Оё ҷуз он ки аз рӯ ба фузунӣ овардани шумори намозгузорон дар ҷомеа асабонӣ шудааст?!
* * *
Ва аммо асабонияти баъзе аз кормандони Окодемии улум (на ҳамаашон), илова бар он чӣ гуфта шуд, як воқеияти дигар ҳам ҳаст, ки шояд барои бисёреҳо пӯшида бошад.
Ва он ин ки: ин афрод — ки иддаъои рӯшанфикрӣ ҳам доранд – хуб медонанд, ки нақши як рӯшанфикр дар ҳар ҷомеае, дар қадами аввал шиносоии мушкилоти мавҷуд дар ҷомеа ва решаёбии онҳо, ва дар қадами сонӣ, иқдом барои ислоҳи онҳост. Ва инон хуб медонанд, ки мушкилоти имрӯза дар ҷомеаи Тоҷикистон кадомҳост? Медонанд, ки умдаи мушкилоти ҷомеаи мо, реша дар сиёсатҳои ғалат ва пуриштибоҳи ҳукумат дорад. Медонанд, ки решаи ҳамаи фасодҳо, каҷрафториҳо ва бадбахтиҳо дар Тоҷикистони имрӯз, дар мудирияти носавоби ҳукуматдорон (ва дар раъси ҳамаашон ҷаноби Раҳмон) дар арсаи фарҳанг, иқтисод ва сиёсат аст. Инро хуб мефаҳманд ва дарк кардаанд.
Аммо ба далоиле, наметавонанд ин мушкилотро бармало кунанд. Вобастагии инон ба дастгоҳҳои ҳукуматӣ, намегузорад ҳақоиқро чунон ки ҳаст, ошкор намоянд.
Ва аз он сӯй, мебинанд, ин нақшро дар Тоҷикистон дар мавқеи кунунӣ (ва балки аз оғози истиқлоли Тоҷикистон), танҳо исломхоҳон ифо мекунанд; ҳамон касоне, ки ба назари ин рӯшанфикрнамоҳо, “муртаҷеъ” ва “ақабуфтода” ҳастанд. Мебинанд, ки дар Тоҷикистон танҳо касоне ҷуръати гуфтани сухани ҳақро доранд, ки ё руҳонӣ ҳастанд ва ё узви як ҳизби исломӣ (ҲНИТ). Мебинанд, ки нақши як рӯшанфикрро дар Тоҷикистон имрӯза Муҳиддин Кабирӣ ифо мекунад, Додоҷон Атовуллоев ифо мекунад, Муҳаммадалӣ Ҳаит ифо мекунад, Сайидумар Ҳусайнӣ ифо мекунад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода ифо мекунад, Абдуқаҳҳори Давлат ифо мекунад… Хулоса, ин нақшро имрӯз касоне ифо мекунад, ки аз назари инон, “муртаҷеъ” ва “ақибуфтода” ҳастанд.
Оре, ин ҳақиқат аст, ки ин рӯшанфикрнамоҳоро асабонӣ ва азият мекунад. Ва он гоҳ, барои ҷуброни ин нақс, бояд чӣ кор бикунанд? Маълум аст. Бояд як мавзӯи хиёлиеро ба тасвир бикашанд ва он гоҳ барои ҷомеа чунон вонамуд бикунанд, ки ҳамаи мушкилоти мо зери сояи ҳамин мавзӯи хиёлӣ аст ва сипас бо тохту тоз ба ин мавзӯи хиёлӣ, “рӯшанфикрӣ”-и худро ба намоиш бигузоранд ва бигӯянд, ҳон! Мо ҳастем!
Ҳоло, ин “мавзӯи хиёлӣ”-и инон кадом аст? Ислом ва муллоҳо.
Дар ҳоле ки Раҳмон ва дору дастааш дар ҳоли пайкор ва мубориза бо падидаҳои исломӣ ва ворид сохтани анвоъ ва ақсоми фишорҳо ва озору азиятҳо ба исломхоҳон – он ҳам ба хотири мавозеъи дурусти онҳо – аст, оё мантиқист шумо ислом ва омӯзаҳои исломӣ ва муллоҳоро, ки бандаҳои Худо ҳатто наметавонанд нафас бикашанд, мушкил қаламдод кунед?!
Оё шумо бо ин коратон, масалан рӯшанфикр ҳастед?!
Хиҷолат бикашед!
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Бознашр аз сомонаи «Кимиёи саодат»