Қурби сомонӣ расман поён рафт
Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз, 20.03 қурби сомониро расман поён бурд. Ҳоло 1 доллари амрикоӣ расман беш аз 10 сомонӣ қимат дорад. Дар ҳамин ҳол қурби доллар дар бозори сиёҳ болотар аст.
Бонки миллии Тоҷикистон қурби пули миллиро расман 5% поён бурд. Дар ҳоле, ки дирӯз 1 доллар ба 9,7 сомон баробар буд, имрӯз ба 10,2 сомонӣ расид.
Дар бозори сиёҳ қурби пули миллӣ боз ҳам поёнтар аст. Онҷо ба ҳар доллар 11 сомонӣ талаб мекунанд.
Бӯҳрони роҳафтода дар ҷаҳон қурби пули миллии аксари кишварҳои дар рушдро поён бурдааст. Аз ҷумла қурби рубли Русия наздик ба 25% ва тангаи Қазоқистон наздик ба 15 дарсад суқут кардааст.
Коршиносон пешбинӣ мекунанд, ки 5 дарсад расман ва 10 дарсад дар бозори сиёҳ поён рафани арзиши сомонӣ танҳо оғози кор аст.
Бинобар ба марротиб кам шудани интиқоли пули муҳоҷирон бинобар буҳрон, поёнравии қимати рублу танга ва баста шудани сарҳади Русия, сомонӣ метавонад то 50 дарсад арзишашро аз даст диҳад.