11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Магар Тоҷикистон ин ҳама душман дорад?

Бархӯрд ва баёни кормандони пасипардагӣ(фейк) ё ошкори назди ВКД ва КДАМ — ро дида, як шаҳрванди оддӣ дар андеша меафтад, ки душмани тоҷикон ва Тоҷикистон кист ва ё кадом кишвар аст?

Савори аспи ҷаҳлу эҳсосот аз ҳокимони золим дифоъи кӯркӯрона карда, ба сӯи ҳар мунаққид ва ошкорбаён метозанду душману хоинаш мехонанд. Назари яке аз ин саҳифаҳои тақаллубии ҷонибдорони Раҳмон нисбат ба навиштаҳои Дориюши Раҷабиёнро дида, ба фикр фурӯ рафтам, ки ин ҳама душмантарошӣ чаро ва чаро ҳақиқатнигориро «хиёнат» меҳисобанд?
Аз рӯзи аввали шиддат ёфтани рақобатҳои сиёсӣ дар кишвар, то имрӯз мо шоҳиди рӯйхати бузурге аз афроди «хоинони миллат» ва кишварҳои «душманони Тоҷикистон» гаштаем, ки кормандони боло зикршуда барчаспашон задаанд. Ҷонибдорӣ накардан аз ҷинояту хиёнатҳои баъзе ҳукуматдорон кофист то шомили он рӯйхат бошед. Шурӯъ аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон, Гурӯҳи 24, афроди рӯшанфикри мустақил, рӯзноманигорон, фаъолони ҷомеъа ва аз тарафи дигар Иттиҳодияи Аврупо, Эрон, Амрико, Туркия, Олмон, Арабистони Саъудӣ, Лаҳистон, Укройн, Қатар,  САҲА(ОБСЕ) Созмони дифоъи ҳуқуқи башар(HRW), ББС ва ғайраҳоро дар навбати худ душман хондаанду носазо гуфтаанд ва гӯё ними дунё алайҳи тоҷикону Тоҷикистон аст ва танҳо Э. Раҳмон бо зердастонаш аст, ки аз манофеъ ва арзишҳои миллату давлат дифоъ мекунад.
Боре ба худ  суол додаед, ки чаро ва ба чӣ хотир ин афрод, кишварҳо ва созмонҳоро душман хондаанду мехонанд?
Ё чаро бояд ин афрод, кишварҳо ва созмонҳои зикршуда ба Тоҷикистон «душманӣ» кунанд ва чаро хос дар 2 соли ахир ба истилоҳ «душманҳо» пайдо шудаанд?

Муртазои Мирзо

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *