Набераи президент ҳам президент шуд
Дар ҷаласаи ғайринавбатии интихоботии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ки 19 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Исмоили Маҳмадзоир, набераи бузурги раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон “интихоб” шуд.
Дар ҷаласа роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ, аъзоёни кумитаи иҷроияи федератсия, мураббиёну доварон ва варзишгарон ширкат карданд.
Таъкид шудааст президенти аллакай қаблии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов дар мувофиқа бо Президенти Федератсияи ҷудои байналмилалӣ Мариус Визер бо хоҳиши худ аз мансабаш истеъфо додааст ва номзадии Исмоили Маҳмадзоир ба симати Президенти нави Федератсияи ҷудои Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
“Бо ҷонибдории якдилонаи иштирокчиёни ҷаласа” Исмоили Маҳмадзоир президенти нави Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 “интихоб” карда шуд.
Исмоил писари духтари калонии Эмомалӣ Раҳмон Фируза ва домодаш Маҳмадзоир Соҳибов мебошад, ки бо хушгузарониҳои маъруф аст.