10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Рустам Ашӯров вазири дохилаи Молдоваро ба истеъфо фиристод

Баъди ду ҳафтаи тирпаронии Рустам Ашӯров дар фурудгоҳи Кишинёв Вазири корҳои дохилии Молдова истеъфо дод. Тибқи иттилоъи Рейтерз истеъфои Анна Равенко аз сӯи Дорин Речан, нахуствазири Молдова пазируфта шудааст.

Қаблан намояндагони мухолифон дар Молдова дар пайванд ба тирандозӣ дар фурудгоҳи Кишинёв истеъфои вазири корҳои дохилиро талаб карда буданд. Ҳамроҳ бо вазири дохила вазирони илм ва инфрасохтори Молдова низ аз истеъфо додаанд.

Дар ҳодисаи 30 июн, ки масъулаш як шаҳрванди Тоҷикистон ба номи Рустам Ашӯров аст, ду маъмури фурудгоҳ кушта шуданд. Худи Ашӯров, ки мақомоти Тоҷикистон ӯро яке аз гумонбарон ба рабудану куштани муовини раиси «Ориёнбонк» Шӯҳрат Истматуллоев медонанд, бо даҳ зарби тир захмӣ шуда, дертар дар бемористон ҷон дод.

Мақомоти Молдова гуфтанд, ҳодиса баъд аз он рӯй дод, ки Рустам Ашӯрови 43-соларо ба далели амниятӣ ба Кишинёв роҳ надоданд ва ӯ ба Истанбул пас гардонда мешуд. Аммо ба гуфтаи мақомоти Молдова, ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки собиқ милиса буд, туфанги яке аз маъмурони фурудгоҳро гирифту ду касро кушт.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, Ашӯров рӯзи 25 июн ба Туркия ва аз онҷо ба Молдова рафта буд. Дар Молдова ба ёди қурбониён 4 июлро рӯзи мотами миллӣ эълон карда, маъмурони кушташудаи фурудгоҳро барои шуҷоату хидмати сазовор пас аз маргашон қадрдонӣ карданд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *