Афзоиши шумори қурбониёни зилзила ва суноми дар Индонезия
Шумори қурбониёни зилзила ва суноми дар ҷазираи Сулавосии Индонезия ба ҳазору 424 нафар расид.
Пуруо Навгуроҳо сухангӯи ожонси мудирияти бӯҳрони миллии Индонезия тайи нишасти матбуотӣ эълом кард: шумори қурбониёни зилзилаи 7.4 баллии рӯзи ҷумъаи гузашта дар ҷазираи Сулавосии марказӣ, ки боиси вуқӯъи суноми шуд, ба 1424 нафар расидааст.
Вай афзуд: то кунун 2 ҳазору 549 нафар захмӣ шуда, беш аз 100 нафари дигар нопадид ҳастанд.
Навгуроҳо пештар гуфта буд 61 ҳазору 867 нафар дар паноҳгоҳҳои муваққатӣ маскан гирифтаанд.
Гуфтанист, заминларза ба қудрати 7.7 бал субҳи рӯзи ҷумъаи гузашта дар 27 километрии шимоли шарқи минтақаи Дунгола аз тавобеъи ҷазира Сулавосии марказии ин кишвар ба вуқӯъ пайваста буд, ки дар шаҳрҳои Дунгола ва Поуло мунҷар ба суноми шудааст.
Индонезия дар ҳалқаи оташ дар ҳавзаи Уқёнуси ором воқеъ шуда, ки дар онҷо заминларзаҳо ва вулқонҳои зиёд рух медиҳад. Дар ин кишвар дар 26 декабри соли 2004 низ зилзилаи ба бузургии 9.1 бал рухдода ва суномии баъд аз он, мунҷар ба кушта шудани 230 ҳазор нафар шуда буд.