Идомаи пикетҳо бо талаби баргардонидани Абдуллоҳи Шамсиддин (аксу навор)
Фаъолони олмонӣ ва тоҷики муқими ин кишвар ба пикетҳои худ бо талаби баргардонидани Абдуллоҳи Шамсиддин идома медиҳанд. Имрӯз ҳам онҳо бо ин талаб дар Дюсселдорфи Олмон ҷамъ шуда буданд.
Тазоҳуркунандагон, ки шомили фаъолони ҳуқуқибашарии Олмон, ҳамкорони собиқи Абдуллоҳ фаъолони тоҷик ва дӯстону наздикони ӯ ҳастанд, имрӯз дар назди парлумони минтақавӣ дар Дюсселдорф шиорпартоӣ карданд.
Дар пикети имрӯза падари Абдуллоҳ — Шамсиддини Саид, яке аз раҳбарони феълии ҲНИТ низ ширкат дошт. Ӯ ва дигар наздикони Абдуллоҳ мегӯянд сабаби аслии боздошт ва ҳукми зиндони Абдуллоҳ фаъолиятҳои сиёсии падараш аст.