Изҳороти ҲНИТ дар бораи мақоми сиёсии Байтулмуқаддас
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) тасмими раисҷумҳури Амрико Доналд Трампро оид ба пойтахти Исроил эътироф кардани Байтулмуқаддас маҳкум кард. ҲНИТ гуфтааст мақоми сиёсии Байтулмуқаддас бояд дар чорчӯби қавонини байналмилалӣ ҳал шавад, на тасмимҳои якҷониба ва носанҷида.
Матни изҳороти ҲНИТ ба шакли зер аст:
Изҳороти ҲНИТ оиди иқдоми Трамп дар мавриди Байтулмуқаддас
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қарори Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар мавриди эътирофи Байтул-муқаддас ба унвони пойтахти Исроилро маҳкум карда, ин иқдоми яктарафа ва носанҷидаро мухолифи қавонини байналмилалӣ ва поймол кардани қатъномаи шумораи 478-и Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар соли 1980 медонад.
Ҳизби наҳзати исломӣ бар ин назар аст, ки мақоми сиёсии Байтул-муқаддас дар чорчуби қавонини байналмилалӣ ва қатъномаи Шӯрои амнияти СММ ҳифз шавад ва аз ҳар гуна иқдомҳои носанҷида ва яктарафа, ки паёмадҳои манфӣ дар саросари минтақа хоҳад дошт, дар минтақаи бе ин ҳам муташанниҷи Ховари Миёна, худдорӣ шавад.
Раёсати Олии ҲНИТ