11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Боз «разбор»-и Достиевҳо ва чапаевиҳо

Нимаи дуюми рӯзи 22 июн, соати тахминан 17 дар деҳаи Виёни ноҳияи Кушониён дар назди тарабхонаи марбут ба хонаводаи Абдулмаҷид Достиев, собиқ муовини аввали раиси парлумон ва сафири собиқи Тоҷикистон дар Русия, байни ду авлоди бонуфуз дар вилояти Хатлон — Достиевҳо ва «чапаевиҳо” аз ҷамоати Навобод, собиқ Чапаеви ноҳияи Балхӣ, зодгоҳи ҳамсари президент Азизамоҳ Раҳмонова муноқишаи гуруҳӣ рух додааст. 

Тавре сомонаи Ахбор хабар медиҳад, шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, ки «чапаевиҳо” дар чанд мошини «Рейнҷ Ровер”-и сафед омада, аз Достиевҳо талаб кардаанд, ки аз даъвои худ нисбат ба як сокини ҷамоати Наврӯз гузаранд. Баҳс сари як садамаи марговари рӯзи 8 июн будааст, ки дар он садама як кӯдаки 13-сола аз хонаводаи Достиевҳо ҷон бохт. Достиевҳо писари соҳиби ширкати «Баҳор Ойл”-ро дар он садама гунаҳкор мекунанд, вале «чапаевиҳо” исрор меварзанд, ки дар сари фармони мошини «Лексус” он рӯз на писари раиси «Баҳор Ойл”, балки як нафари дигар нишаста буд. Аммо Достиевҳо гуфтаанд, ки гунаҳкор бояд зиндон шавад, на каси бегуноҳе, ки «чапаевиҳо” бо чӣ ваъдае мехоҳанд, ки ӯ ин гуноҳро ба гардани худ бигирад. 

Бино ба иттилои манбаъ, муноқишаи ду тараф тақрибан як соат давом карда, дар охир як каме ба занозанӣ ҳам печидааст. Танҳо баъди ба Раҳматулло Саъдуллоев, додарарӯси калонии президент занг задани Абдурашид Достиев, бародари калонии Абдулмаҷид Достиев, ин муноқиша анҷом ёфта, иштирокчиёнаш пароканда шудаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, аз тарафи «чапаевиҳо” дар ин муноқиша ҳудуди 15 нафар ва тақрибан ҳамин шумор аз тарафи Достиевҳо иштирок кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 8-уми июни соли 2020, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус”, Сайфов Сайфулло Фазлиддинович, соли таваллудаш 1987, сокини ҷамоати деҳоти Сангтудаи ноҳияи Данғара ҳангоми аз самти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба самти ноҳияи Кӯшониён ҳаракат карданаш аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Фахриддинов Зокирҷон Нуриддинович, соли таваллудаш 2007, сокини ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахшро пахш кардааст.

Дар натиҷа ноболиғ, Фахриддинов Зокирҷон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *