Қимати таҳсил дар Тоҷикистон гаронтар шуд
Хадамоти давлатии зидди инҳисории Тоҷикистон аз афзоиши маблағи шартномаи таҳсил дар 30 донишгоҳ ва омӯзишгоҳи кишвар дар соли равон хабар дод.
Бино ба гузориши сомонаи ТопТҶ, мақомоти ин хадамот эълом кардаанд, ки аз соли таҳсилии нав дар 30 донишгоҳ ва омӯзишгоҳи кишвар қиммати омӯзиш ҳашт дарсад афзоиш хоҳад ёфт.
Ба далели афзоиши нархи хадамот, маводи ғизоӣ ва таваррум дар Тоҷикистон дар пайи густариши вируси корона, масъулони донишгоҳҳо ва омӯзишгоҳҳои кишвар пешниҳод карда буданд, ки қиммати таҳсил 15 то 20 дарсад афзоиш ёбад, аммо Хадамоти давлатии зидди инҳисории Тоҷикистон танҳо бо афзоиши ҳаштдарсадии қиммати таҳсил мувофиқат кардааст.
Ин афзоиш, донишгоҳҳо ва марказҳои омӯзиши техникӣ ва ҳирфаии дохилӣ ва шуъбаҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистонро шомил мешавад, аммо риштаҳои улуми табииро дар бар намегирад.
Дар Тоҷикистон солҳои 2020 то 2040 ду даҳаи омӯзиши улуми табиӣ эълом шудааст.
Ҳадаф аз эъломи бист соли омӯзиши улуми табиӣ дар Тоҷикистон, тақвияти фарогирии улуми табиӣ ва риёзӣ дар кишвар ва ниҳодина кардани тафаккури техникӣ дар хонандагону насли ҷавон эълом шудааст.