Мусодираи силоҳу амволи Абдулҳамиди Хуросонӣ аз тарафи Толибон
Толибон силоҳу амволи Абдулҳамиди Хуросонӣ, яке аз қумандонҳои тоҷиктабори зодаи Панҷшер дар Афғонистон, ки аз сӯи толибҳо дар аввал масъули амният дар ин музофот таъйин шуда буд, кашида гирифтаанд.
Тавре хабаргузории Sputnik Афғонистон бо такя ба рӯзноманигор Башир Аҳмад Косонӣ иттилоъ медиҳад, тамоми аслиҳаву амволи Хуросонӣ, ки дар маҳаллаи Хайрхонаи Кобул буд, мусодира шудааст.
Тахмин меравад, ки ин як вокуниш ба шикоятҳои Хуросонӣ ба расонаҳои мухолиф дар бораи раҳбарони толибҳо мебошад.
Вай ахиран дар «Twitter» навишта буд, ки аз хидмат дар сафи ин гуруҳ худдорӣ мекунад, зеро дар он ҷо паштунҳои ҳилмандӣ ва қандаҳорӣ ҳукмронӣ мекунанд, бахусус вазири дифоъ, Муҳаммад Яъқубро зикр намудаст, ки аз рӯи меъёрҳои қавмӣ афроде мисли Хуросониро таҳқир мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки фармондеҳи пешини амниятии вилояти Панҷшер моҳи октябри соли равон низ изҳор дошта буд, ки фармондеҳи сипоҳи марказии толибҳо аз ӯ хост таҷҳизоту афродашро таслим кунад.
Аммо, Абдулҳамиди Хуросонӣ бо ишора ба раҳбарони гурӯҳи Толибон мегуяд, ки бояд раҳбарони Аморати Исломӣ ҳукуматро бояд қавмӣ накунанд.