Интиқоли пул ба шаҳрвандони хориҷӣ мамнуъ шуд
Бонки Миллӣ бо ворид кардани илоҳот дар банди “амалиёти пулӣ барои афроди ҳақиқӣ” равон кардан ва интиқоли пул ба шахсонеро, ки шаҳрванди Тоҷикистон нестанд манъ кард.
Бар асоси ин тағйирот аз Тоҷикистон касе ҳақ надорад барои шаҳрвандони хориҷӣ маблағ равон кунад. Ҳамчунин бар асоси ин тағйирот ҳаҷми интиқоли маблағ аз 28 ҳазор сомонӣ баробар бо 3 ҳазор долар ба 87,5 ҳазор сомонӣ баробар бо 9 ҳазору 700 доллар боло бурда шуд.
Бонки Миллии Тоҷикистон то ҳол дар бораи далели ин тағйирот шарҳе надодааст. Аммо тоҷироне, ки ба солироти мол дар ин замина машғул ҳастанд аз ин қонун нигарон ҳастанд.
Яке аз тоҷирони муваффақ, ки нахост номаш зикр шавад дар ин бора гӯфт: Ҳукумат медонад, ки аксарияти сармоядорон нисбат ба ояндаи сармояашон дар Тоҷикистон нигаронанд. Ҳама чиз дар монополияи хонавода қарор дорад. Сармоядорони боақл сармояҳои худро аз кишвар хориҷ мекунанд. Барои хориҷ кардани сармоя аз кишвар ҳам бештари тоҷирон аз шахсони хориҷӣ истифода мекунанд, то сармояашон солим ба макони дилхоҳашон бирасад. Шояд яке аз далелҳои ин иқдом барои пешгирӣ аз ҳамин масала бошад.
Аммо Шамсиддин Раҳимӣ як соҳибкори тоҷик, ки чандест сармояашро ба Русия интиқол додааст, мегӯяд: Ин қонунро бештар барои он қабул кардаанд, ки мансаблорон сармояҳояшонро ба хориҷ интиқол надиҳанд. Аксарияти мансабдороне, ки аз роҳи ғайриқонунӣ сармояи калон ба даст овардаанд мехоҳанд бо номи хориҷиҳо сармояҳояшонро ба хориҷ интиқол диҳанд. Ҳукумат низ инро дарк кардааст ва намехоҳад онҳоро ба осонӣ раҳо кунад. Зеро аксарияти мансабдорон ҳам аз ояндаи худ ва сармояашон метарсанд. Намехоҳанд ончи ба сари кормандони Агентии мубориза бо фасод омад ба сари онҳо низ биёяд.
Ҳамаи ин дар ҳолест, ки Бонки Миллӣ то ҳол ҳадафаш аз ин тағйиротро шарҳ надодааст.