11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Дастрасӣ ба паёмрасони Telegram дар ними дунё масдуд шуд

Паёмрасони Telegram дар дар ниме аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон масдуд шудааст.

Дирӯз  муассиси Telegram тавассути шабакаи иҷтимоии “Твиттер” хабар дод, ки дар Аврупои Ғарбӣ, Ховари Миёна ва Африқо кори ин паёмрасон барқарор шуда, дар қисми дигари ҷаҳон, аз ҷумла, Олмон, Эрон ва кишварҳои ИДМ дастрасӣ ба ин шабака барқарор нашудааст.

“Масдудшавии кори Telegram рӯзи 29 март соатҳои 11 ба вақти Маскав шурӯъ шуд ва шикоятҳо аз беамал шудани он аз Аврупо, Ховари Миёна ва ИДМ ба мо расид. Мушкили аслӣ дар қатъи нерӯ дар серверҳои Telegram аст”. — гуфтааст Павел Дуров, муассиси шабакаи паёмрасони Telegram

Павел Дуров аз муштариён хоҳиш намудааст, ки каме таҳаммул кунанд ва базудӣ кори ин шабака барқарор мешавад.

Telegram, ки соли 2013 таъсис ёфта буд,  дар ҷаҳон 200 миллион муштарӣ дорад.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *