Аҳмадзода аз манотиқи марзии Ворух дидан кард
Таҳти раёсати Раҷаббой Аҳмадзода, раиси ҳукумати вилояти Суғд як ҳайати корӣ аз қитъаҳои баҳсии сарҳадӣ дар ҷамоати Ворухи Исфара дидан намудааст. Ин ҳайат бо сокинони ин мавзеъҳо суҳбат намуда, ба ҷараёни бунёди роҳҳои мошингард ошно шудааст. Тавре аз ҳукумати шаҳри Исфара ба расонаҳои маҳаллӣ хабар додаанд, дар ин ҳайат мутахассисони Идораи заминшиносӣ, геодезӣ, бахши топографӣ ва намояндагони ҳукумати Исфара низ ҳузур доштаанд.
Дар ҳамин ҳол, вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 16-уми октябр дар шаҳри Бодканд мулоқоти кории муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ва муовини сарвазири Қирғизистон Жениш Разақов баргузор шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар Бодканд ҳамчунин вохӯрии навбатии гурӯҳҳои топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории марзи ду кишвар баргузор гардидааст.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки ба ҳадафи расидан ба натиҷаҳои назаррас роҷеъ ба ҳалли зудтари муйяан намудани марз, гурӯҳи доимамалкунанда таъсис шуд ва ҳоло ба кори худ оғоз намудааст.
Дар ҳамин ҳол ба Радиои Паём як манбаъ аз ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, вазъ дар марз ҳамоно муташанниҷ боқӣ мондааст. Ду нафар сокинони ҷамоати Ворухро бо иттиҳоми дуздии гови қирғизҳо сарҳабдонони қирғиз боздошт намуда, бо худ бурдаанд. Тули чанд рӯз мешавад, ин ду нафарро ба пайвандонаш нишон надодаанд.
Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Баҳсу гуфтугӯ сари минтақаҳои боқимонда солҳост идома дорад, вале бенатиҷа. Аз ин сабаб, дар минтақаҳои баҳсталаб ва номуайян сокинон барои обу чарогоҳ, роҳу бозор ҷангу даъво ва борҳо хунрезӣ кардаанд.