Азим Иброҳим иддаои ҷалби $6.5 млрд кард
Вазирони нақлиёти панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, ки дар доираи Мулоқоти панҷуми машваратии сарони давлатҳо, ки дар Душанбе баргузор мешавад, гирди ҳам омаданд, бар омодагиашон барои рушди хизматрасониҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, таъсиси анборҳо ва иқтидорҳои истеҳсолӣ таъкид кардаанд. Вазири нақлиёти Тоҷикистон иддао кард Тоҷикистон қасд дорад барои иҷрои тарҳҳо дар бахши нақлиёт 6,3 миллиард доллар ҷалб кунад.
Дар ин вохӯрӣ таъкид шудааст, мақсади он таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ байни давлатҳои минтақа ва дигар кишварҳо мебошад.
Вазирони нақлиёти кишварҳои минтақа пешниҳодоти худро оид ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ иброз дошта, оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика як эъломияи муштарак ҳам имзо кардаанд.
Ҳамчунин дар нишаст, лоиҳаи Созишнома «Дар бораи таҳкими равобити байниҳамдигарии нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ» мувофиқа гардида, интизор меравад, он дар доираи Мулоқоти панҷуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 14-15 сентябр дар Душанбе баргузор мегардад, имзо шавад.
“Ҳадафҳои асосии Созишнома фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти заминӣ, таъмини муҳити рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои нақлиётии Осиёи Марказӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва ташаккули долонҳои нави байналмилалӣ, аз ҷумла мултимодалӣ, содда кардани раванди интиқол ва транзит тавассути нақлиёти заминӣ, рушди хизматрасониҳои муосири нақлиётӣ ва логистикӣ, татбиқ ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла рақамикунонии ҳамлу нақли заминӣ, ҳавасмандгардонӣ ва рушди амалияи истифодаи навъҳои экологии нақлиёт мебошад”, — гуфтааст Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Азим Иброҳи дар ин нишаст иддао кард Тоҷикистон қасд дорад барои иҷрои тарҳҳо дар бахши нақлиёт 6,3 миллиард доллар ҷалб кунад.
«Солҳои наздик бо ҷалби тақрибан 6,3 млрд доллар лоиҳаҳои наверо амалӣ месозем, ки ба тағйири назаррас дар сохтору нақшаи боркашонии байналмилалӣ, самаранокии ҳамгироӣ ва рушди иқтисодӣ мусоидат мекунанд», — гуфт вазир.
Чунин иддаоҳо аз забони мақомоти Тоҷикистон зиёд садо медиҳад, аммо фароҳам набудани фазои сармоягузорӣ дар кишвар ва фасоди густурда, онҳоро ҳамеша иддао оқӣ мегузорад.
Азим Иброҳим гуфт, кор барои истифодаи муассир аз долони Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо амалӣ шуда истодааст, ки кӯтоҳтарин масир аз марзи Чин тавассути минтақаи Осиёи Марказӣ ба Аврупо хоҳад буд.