Модари Маҳмудҷон Файзраҳмоновро боздошт кардаанд
Маҷмудҷон Файзраҳмонов, масъули дафтари равобити хориҷии Паймони Миллии Тоҷикистон аз боздошти модари 63 солааш ва тағову писари аммаш хабар дод. Дар ин бора ӯ дар саҳифҳои твиттерӣ ва фейсбукии худ навишт.
Як соат қабл раҳбари дафтари равобити хориҷии ПМТ дар саҳифаи твиттериаш навиштааст “модари 63-солаам ҳамроҳ бо тағо ва писари аммам субҳи имрӯз дар ноҳияи Ҷайҳун аз тарафи Кумитаи амнияти Тоҷикистон боздошт шуданд. 4 соат шудааст, то ҳол дар боздоштгоҳ қарор доранд”.
Дар посух ба пурсиши Паём, чанд дақиқа пеш Файзраҳмонов гуфт то ҳол аз тақдири онҳо хабари дарёфт накардааст. Ӯ ҳамчунин гуфт зоҳиран боздошт ба фаъолияти чанд рӯзи ӯ дар конфронси САҲА бастагӣ дорад.
Модари Маҳмудҷон Файзраҳмонов Маснавихон Файзраҳмонова бори аввал нест, ки аз тарафи мақомоти амнияти Тоҷикситон мавриди фишор ва шиканҷаи равонӣ қарор мегирад. Ӯ қаблан ҳам чанд бор бо ҳамин усул боздошт ё барои бозпурсӣ даъват шуда буд.
Баъди яке аз ин шиканҷаҳои КДАМ Маснавихон Файзраҳмонова бо фишори баланди хун бистарӣ гашта буд.
Фаъолони дигари Паймони миллӣ ва дигар гурӯҳҳои мухолиф низ аз чунин фишорҳо болои хонаводаашон хабар медиҳанд.