Тақрибан 1700 нафар барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе сабти ном шудаанд
ДУШАНБЕ, 20.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. То имрӯз тақрибан 1700 нафар сиёсатмадорон, коршиносон ва олимон барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 май дар Душанбе баргузор мешавад, номнавис шудаанд. Дар ин хусус 20 май дар брифинге, ки дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон баргузор гардид, ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дода […]