11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Ду масъалаи муҳим дар қарз аз нигоҳи шариат

Инсон вақте аз касе қарз мегирад, мудом дар фикри пардохти қарзи гирифтааш аст. Ҳарчӣ зудтар бояд қарзи гирифтаашро, баргардонад. Шариат барои осон кардани пардохти қарз, баъзе роҳҳое дорад.

Дар мо қоидае аст бо номи ضع و تعجل қисмеро бубахш ва бақияро шитобон.

Маънои ин қоида чунин аст: Вақте шахси қарздода мехоҳад, қарзи додаашро зудтар баргардонад, ба шахси қарздор мегӯяд: Қарзе, ки ба ту додам як миқдорашро ба ту мебахшам, бақияашро бар ман алъон баргардон. Қарздор миқдоре аз қарзи гирифтаашро бармегардонад, миқдори дигараш аз они худаш мегардад.

Дар ин ҳолат ҳарду тараф фоида мебинанд. Шахси қарздор ба осонӣ аз қарзаш халос мешавад. Шахси қарздода бошад, қисме аз  қарзи додаашро бармегардонад.

Агар шумо ба касе ҳазор долор қарз додед сипас муддатҳо гузашту қарздор ҳанӯз маблағи шуморо барнагардонида истодааст шумо бошед ба маблағ ниёз доред, дар ин вақт ба ӯ пешниҳод мекунед. Мегӯед: Аз ҳазор долори додаам агар бар ман алон ҳашсад долларашро баргардонӣ, бақияашро ба ту мебахшам. Агар алон барнагардонидӣ  қарзи додаамро чигунае ки буд ҳазор доллор бармегардони. Қарздор метавонад аз ин фурсат истифода бурда маблағи шуморо баргардонад.

Уламо барои ҷавоз будани ин масала аз ҳадисе даел мегиранд, ки Табарони ривоят кардаанд.

Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам вақте яҳуди бани Назирро барои хиёнаташон аз Мадина меролнанд. Гуруҳе аз онҳо ба назди Паёмбар омада мегӯянд: Эй паёмбари Аллоҳ ту моро амр карди аз инҷо биравем  мардум аз мо қарздор ҳастанд, он қарзҳои додаамон чӣ мешавад. Паёмбар мегӯянд:

ضعو و تعجلوا

Миқдоре аз қарзи додаатонро бахшед ва бақияашро шитобонед.

Ба шахсони қарздор бигуед, қисме аз қарзи додаамонро бидиҳед, бақияашро ба шумо мебахшем.

Дар вақти қисме аз қарзро бахшида бақияашро дар ҳол гирифтан, шахси қаорздода чанд фоизашро мебахшад ва чанд фоизашро мегирад вобастагӣ дорад ба ризогии худаш. Чанд миқдорашро бахшиданро худаш интихоб мекунад.

Ба ин масъала аксан амал кардан низ мумкин аст. Баъзан шахси қарздор якбора ба ҷойе сафар кардани мешавад. Дар мусофират оё имкони баргардонидани қарз барояш муяссар мегардад ва ё на, намедонанд. Дар ин ҳолат, вақте мебинад дар дасташ як миқдор маблағ дорад, ба шахси қарздода мегӯяд. Миқдоре аз қарзамро ба ман бахш, бақияи қарзро ман худи ҳозир ба ту бармегардонам. Агар қарздода розӣ шуд бо ҳамин аз қарзаш халос мешавад.

Инчунин ин масъаларо метавон дар хариду фурушӣ тақситӣ кор бурд. Вақте ба касе барои як сол хона фурӯхтед. Ҳанӯз як сол нарасида ба шумо хеле маблағ лозим шуд. Дар ин вақт ба харидор пешниҳод мекунед, як миқдор маблағи асосиро ба дастатон диҳад, бақияи маблағро ба ӯ мебахшед. Агар харидор розӣ шуд, барои ҳар ду тараф дар ин додугирифт суд аст.

Таъсири марг ба қарз

Бо аз дунё рафтан, тамоми додугирифтҳои мо ба поён мерасад, ба ҷуз қарз. Инсон пас аз марг, ҳатто аз қарзҳои гирифтааш озод намешавад. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳадиси Муслим мегӯянд:

يغفر للشهيد كل ذنب الا دين

Тамоми гуноҳҳои шаҳид бахшида мешавад ба ҷуз қарзаш. Ҳар нафаре, ки қарздор аст, дар ин дунё бояд аз ҳама пеш қарзи худро пардохт кунад. Қарз дар дунё навъи зиллат аст, дар охират бошад, пурсиши худро дорад. Дар бозгардонидани камтарин қарзи гирифта, кутоҳӣ накунед. 

Ҳар нафари қарздор, агар аз дунё равад, пас аз марги ӯ, хешовандони маййит фарзанду бародарон, аз ҳама пеш бояд қарзҳои ӯро пардохт кунанд.

Агар шахси фавтида, пас аз худ маблағе гузошта рафта бошад, аз он маблағ ба қарз медиҳанд. Агар ягон маблағе нагузошта бошад, дар ин вақт яке аз дороиҳои монда рафтаашро фурӯхта сарфи қарзаш мекунанд. Одатан вақте падар аз дунё рафт, пас аз худ хонаи худро гузошта меравад. Фарзандоне, ки хонаи падарро мегиранд, пеш аз ҳама бояд қарзи падарро пардохт кунанд.

Қарзҳои шахси фавтида аз моли тарк кардааш дода мешавад. Аммо, агар шахси қарздор пас аз худ ҳеҷ моле нагузошта рафта бошад, дар ин вақт кӣ масъули қарзи ӯст?

Дар замони Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам ҳар каси қарздоре, ки  аз дунё мерафту чизе ва аз худ намегузошт, Паёмбар қарзҳои ӯро мепардохтанд.

Дар саҳеҳайн омадааст, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам гуфта буданд:

فمن توفي من المؤمنين فترك دينا فعلي قضاؤه و من ترك مالا فلورثته

Ҳар касе, ки аз мӯъминон аз дунё равад, дар ҳоле, ки қарздор бошад, қарзҳояш ба гардани ман аст ва ҳар шахсе, ки вафот кунад ва меросе аз худ гузорад, меросаш аз они ворисонаш аст.

Оре, хушо ба ҳоли мӯминоне, ки дар замони Паёмбари раҳмат зиста буданд. Агар қарздоре аз онҳо аз дунё мерафт, ҳеҷ нигароние надошт, зеро паёмбар кафили қарзи ӯ буданд.

Дар баъзе давлатҳое, ки аксари қонунҳо мутобиқи шариат аст, агар шахси қарздор аз худ чизи нагузошта равад, ҳукумат қарзҳои ӯро пардохт мекунад. Аммо дар мо, ки аслан аз ин чизҳо хабар нест, пас қарзи маййитро кӣ бояд пардохт кунад?

Мувофиқи шариат, агар маййит чизе нагузошта рафта бошад, ягон моликияте барои қарзҳояш вуҷуд надошта бошад, касе маҷбур нест,. қарзҳои ӯро пардохт кунад. Маййит қарздор мемонад, то замоне, ки дар рӯзи Охират худи Аллоҳ қарзҳои ӯро пардохт кунад. Агар нияти пардохти қарз дошта бошад, бахайр аст, агар нияти баргардонидани қарзро надошта бошад, ӯ бояд ҷавбгӯи қарзҳояш бошад.

Аммо аз рӯи фазлу эҳсон аз рӯи накукорӣ ба маййит беҳтар аст, хешовандони фавтида қарзи маййитро пардохт кунанд.

Лекин писар ва ё бародару хешовандонро шахси қарздода ҳақ надорад, маҷбур кунад то қарзи хешовандашонро пардохт кунанд.

Дар шароити кунунӣ мутаассифона баъзе мардҳо ҳамсару фарзанди худро партофта мераванд. Модар кӯдакони зиндаятимашро бо машаққатҳо бузург мекунад. Мард бошад аз паи сархушии худ солҳо бо майнӯшиву хушгузаронӣ умри худро мгузаронад. Агар аз дунё рафт, як чанд нафар фарзандонро маҷбур мекунанд то қарзҳои падарашро пардохт кунад. Ҳол он ки фарзанди бечора ҳеҷ хайре аз падар надидааст ва аз қарзҳои падар хабар ҳам надорад.

Шахси қарздода метавонад аз мероси гузоштаи маййит қарзи худро ситонад. Аммо вақте маййит чизе аз худ нагузошта рафт, касе вазифадор нест, қарзҳои ӯро ба гардан гирад, магар аз рӯи фазлу эҳсон.

Инчунин, вақте касе чизеро харида буду маблағи онро надода аз дунё рафт, ворисон бояд аз ҳама пеш маблағи колои харидашударо баргардонанд, маблағи пардохт нашуда низ қарз маҳсуб мешавад. 

Тамоми қарзҳо, додугирифтҳои молии маййит пеш аз тақсим шудани меросаш пардохт карда мешавад. 

Муслимаи Аҳмадӣ

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *