11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Озори ҳамсоя аз нигоҳи шариат

Вақте аз ҳаққи ҳамсоя бохабар шудем, донистем, ки ҳаққи ҳамсоя воҷиботи ҳар як фарди мусалмон аст, бояд шитоб ин амали бузургро ба роҳ андозем. Инак, тарзҳои некӣ кардан ба ҳамсояро баён хоҳем кард.

Худдорӣ аз озори ҳамсоя

Болотарин ҳаққи ҳамсоя адами азияту озори ӯ мебошад. Албатта, ноҳақ озор додани тамоми инсонҳо гуноҳ аст, аммо нисбати ҳамсоя раво дидани азият гуноҳи боз ҳам сахттар дорад. Дуздии моли мардум гуноҳ аст, дузд бояд дар дунё ҷазояшро гирад, вагарна ҳатман дар охират ҷазои дуздиашро мебинад. Аммо дуздии моли ҳамсоя гуноҳаш шадидтар мебошад. Касеро ғайбат кардед ва ё дар ҳаққи касе тӯҳмат задед, албатта гунаҳгор шудед ва дар назди Аллоҳ ҷавоб медиҳед, аммо вақте ҳамсояатонро ғайбат кардед ва ё ҳамсояатонро туҳмат кардед, гуноҳатон сахттар мегардад. 

Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам борҳо гуноҳи бузург будани озори ҳамсояро баён кардаанд. Борҳо моёнро аз азияти ҳамсоя барҳазар сохтанд.

Паёмбар мефармоянд:

و الله لا يؤمن و الله لا يؤمن و الله لا يؤمن قيل من يا رسول الله؟ من لا يأمن جاره بوائقه

Қасам ба Аллоҳ имон надорад, қасам ба Аллоҳ имон надорад, қасам ба Аллоҳ имон надорад. Пурсиданд, кӣ эй Расули  Худо?

Гуфтанд: Ҳар касе, ки ҳамсояаш аз шарри ӯ дар амон нест. (Саҳеҳи Тарғиб)

Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам касеро, ки ҳамсояашро озор медиҳад, беимон хонданд, Албатта беимоние, ки имони комил надорад.

Ҳар нафаре, ки ҳамсояаш аз дасташ дар азоб аст, ҳар азобе, ки ҳам бошад, моддӣ ва ё маънавӣ имони комил надорад.

Дар Силсилаи Саҳеҳ омадааст, вақте ба Паёмбар гуфта шуд: Эй Расули Худо, фалони зан шабҳо намоз мехонад, рӯзҳо рӯза мегирад, аммо бо забонаш ҳамсояашро азият мекунад, Паёмбар гуфтанд:

لا خير فيها هي في النار

Дар ӯ ҳеҷ хайре нест. Ӯ дар Оташ (дузах) аст.

Зане, ки шабҳо намози шаб мехонад, рӯзҳо рӯзаи нафл мегирад, агар забонашро аз азияти ҳамсоя ниноҳ надорад, вориди Дӯзах мешавад.

Паёмабар бо маҳзи шунидани озори он зан, ӯро ба дӯзах башорат доданд.

Ғайбат, таҳқир, масхара, дашном, тӯҳмат, фош кардани асрори ҳамсоя назди дигарон, инҳо ҳама озори забонӣ мебошанд. 

Хоҳароне, ки бо ҳамсояи худ ҳамсоягӣ мекунед, сипас дар назди хешовандону дӯстон тамоми сирри ҳамсояро фош мекунед, ғайбати ҳамсоя мекунед, ба худ ойед. Чақ чақу сӯҳбатҳои тасфон чанд дақиқаи бошумор аст, аммо барои он дақиқаҳо азобҳои дарднок омодааст. Дар ҳаққи ҳамсоя кӯчактарин азиятро раво набинед.

Мо хеле одат кардаем, зеби сӯҳбати мо ғайбат аст, махсусан ғайбати ҳамсоя. Кош ба ҷои ғайбатҳо бо маълумотҳои муфид нишастҳоямонро зиннат медодем. Ба ҷои гӯшти ҳамсояро хурдан, оиди тарбияи кӯдакон, пешравиҳои оилаамон , чӣ гуна ёри кардан ба дигаронро ба миён мегузоштем.

Боре марде ба назди Расулаллоҳ омада, аз озори ҳамсояаш шикоят мекунад. Ба Паёмбар мегӯяд, ки ҳамсояаам маро хеле азият мекунад, ман чӣ кор кунам?

Паёмбар ба он мард мегӯянд: Тамоми васоили хонаатро, тамоми чизу чораатро ба кӯча барору парто, ҳама чизҳоятро ба кӯча андоз.

Вақте мард ҳама васоилашро ба кӯча меандозад, мардум аз дари хонааш гузашта, аз сабаби ин амалашро аз ӯ мепурсанд: Ӯ мегӯяд аз дасти ҳамсояи бад ба фиғон омада, ҳама чизамро ба кӯча партофтам. Тамоми мардуми ин ҳоли ӯро дида, он ҳамсояи бадро лаънат мекунанд. Сипас он ҳамсояи бад ба назди Паёмбар омада, шикоят мекунад, ки тамоми мардум ӯро лаънат карда истодаанд. Паёмбар ба ӯ мегӯянд:

فقد لعنك الله قبل الناس

Ба ростӣ Аллоҳ туро пеш аз мардум лаънат кардааст.

Имрӯз мардум он қадр аз гуфтаҳои Расулаллоҳ, аз воҷиботи мусалмонии худ дур рафтаанд, ки аксарият аввалин балки баъзан сахттарин мусибатҳоро аз дасти ҳамсояаш мекашад. То ҳамин рӯз чанд хоҳари аз шавҳараш ҷудо шуда ва ё беваеро надида бошам, ҳамаашон гуфтаанд, ки аввалин чашмҳои ғаразнок, аввалин туҳматҳоро аз яке ҳамсояҳо шунидаанд. 

Муҳоҷират сабаб гаштааст, ки аксари мардҳо дур аз модару хоҳар, ҳамсару духтар зиндагӣ кунанд, махсусан дар деҳот дар тобистон мардҳоро қариб дида намешавад. Баъзе мардҳо ба ҷои ба ҳамсояи худ, ҳамчун бародар ғаюр будан, масъули ҳамсоязанҳо будан, баръакс аз паи бадном кардану беобрӯ кардани ҳамсоязанҳо ҳастанд. Инҳо фардо бо Аллоҳ чӣ гуна рӯ ба рӯ мешуда бошанд.

Масъул будан аз ҳамсоя, ҳамсояро то тавон ҳимоят кардан, ҷавонмардист, баръакси ин бадном кардани ҳамсоя, аз паи беобрӯ кардани зани ҳамсоя гаштан, ба ҷуз лаънати Аллоҳ чизи дагар нест.

Бохабар шудан аз ҳоли ҳамсоя, ба ӯ кӯмак кардан

Ҳар як инсон табиати хоси худ, характери худро дорад. Баъзеҳо мехоҳанд, танҳо машғули худ бошанд, баъзеҳо мехоҳанд, то метавонанд ба ҳама кӯмак кунанд. Баъзеҳо ҳастанд, ки намехоҳанд ба касе кӯмак кунанд ва на касе ба онҳо ёрӣ кунад.

Вале мусалмон набояд ба табъи (характери) худ нигоҳ карда, зиндагӣ кунад, қонуни ҳаётро ба характери худ мутобиқ созад. Мусалмон бояд табъи худро ҳастии худро ба шариати Аллоҳ ба қонунҳои Аллоҳ мутобиқ кунад.

Шумо мехоҳед, касе бо шумо кордор нашавад, кӯмак накунад аз ҳолатон ҳам хабар нагирад, шумо низ ҳамин тавр бо касе кордор нашавед. Аммо шариат чизи дигар мегӯяд. Шумо бояд аз ҳоли дигарон, ҳамсояву дӯстон, хешовандону наздикон хабар гиред, агар ниёз доранд, кӯмак кунед, то тавон  ба онҳо некӣ кунед.

Ҳар як фарди мусалмон бояд аз аҳволи ҳамсояи худ бохабар бошад. Ҳоло ҳамсояи шумо солеҳ аст ва ё фоҷир, мусалмон аст ва ё кофар, бенамоз аст ва ё намозхон фарқ намекунад. 

Имом Хатиби Бағдодӣ дар китоби Торихи Бағдод қиссаи саҳеҳеро аз ҳаёти Имом Абу Ҳанифа раҳматуллоҳи алайҳ овардаанд, ки хеле таъсирбахшу пандомез аст. Мегӯянд:

Дар ҳамсоягии Абуҳанифа марди кафшдӯзе зиндагӣ мекард, ки хеле майнӯшу бадахлоқ буд. Абуҳанифа ҳамеша шабҳо намози шаб мехонданд ва ба  Парвардигори худ розу ниёз мегуфтанд. Ин ҳамсоя бошад, аз маҳалли кораш шабҳо ба хонааш меомад, дар даст гӯшт ва ё моҳӣ меовард.Тамоми шаб гӯштбирён мехӯрду май менӯшид ва бо овози баланд суруд мехонду фарёд мезад. Бо сару садояш ба ибодати Абуҳанифа халал мерасонид. Ҳамеша ин байтро фарёдзанон мехонд:

اضاعوني  و اي فتى اضاعوا ليومن

Маро раҳо карданд, маро партофтанд…

Боре нисфаи шаб Абуҳанифа садои он ҳамсояро намешунаванд, ҳамаҷо куллан орому бесарусадо ба назар мерасад. Саҳарии барвақт вақте ба намоз мераванд, аз аҳли масҷид мепурсанд, ки чаро имшаб садои кафшдӯз шунида нашуд, магар иттифоқе рӯй дод. Ҳамсоягон мегӯянд, ӯро посбонҳои шаб ба истилоҳи имрӯза милисаи он давру замон бо худ бурданд ва зиндон карданд. Абуҳанифа ба аспи худ савор шуда ба назди амир мераванд. Албатта Абуҳанифа имоми шинохта шудаи замони худ буданд. Ҳама умарову уламо эшонро мешинохтанду эҳтиромаш мекарданд. Вақти Абуҳанифа ба қасри амир дохил мешаванд, амир номи Абуҳанифаро шунида ба назди худ менишинонад. Сипас мепурсад, ки чӣ сабаб гашт, ки Имом ба наздаш омаданд. Абуҳанифа мегӯянд: Аскарҳо ҳамсояи кафшдӯзи маро зиндон кардаанд, аз шумо тақозо дорам, ӯро озод кунед. Амир мегӯяд, на фақат ҳамсояи шумо, балки тамоми зиндониёнро ба хотири шумо озод мекунам. Сипас, озод мекунад. Ҳамин тавр Абуҳанифа савора, ҳамсояи майнӯшу гунаҳгор пиёда ба манзил мерасанд. Вақте ба назди хона мерасанд, Абуҳанифа аз асп поён мешаванд ва ба кафшдӯз нигоҳ карда, ҳамон байти ҳамеша мехондагиашро мегӯянд: أضاعناك

Мо туро партофтем, раҳо кардем, оре?

Ҷавон мегӯяд: На, ба Аллоҳ қасам, балки маро наҷот додед ва ҳаққи ҳамсоягиро риоят кардед. Худо ҷазои некатон диҳад. Бо ҳамин ҷавон тавба мекунад ва ба майнӯшиву гуноҳ барнамегардад.

Ҳамсояатон гунаҳгор аст, аммо ҳаққи ҳамсоягӣ дорад, шояд беаҳмиятии шумост, ки солҳо олудаи гуноҳ аст Шумо ба худ ойед ҳаққи ҳамсояро риоят кунед, иншоаллоҳ  дигарон низ ба худ меоянд.

Муслимаи Аҳмадӣ 

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *