Бархӯрди як мошин бо мардум дар Мелборн
Як мошин дар маркази шаҳри Мелборн бо мардум бархӯрд кардааст ва пулис ин амалро амдӣ эълон карда, ду нафарро дар робита ба ин қазия боздошт кардааст. Аммо дар бораи террористӣ будан ё набудани он то ҳол изҳори назаре накардааст.
Ин садама дар хиёбони Флиндерз дар яке аз нуқтаҳои пуриздиҳоми шаҳри Мелборн руй додааст. Бар асари он 14 нафар захмӣ шудаанд, ки ҳоли чанд тани онҳо вахим гузориш шудааст. Пулис гуфтааст ангезаи ин садама то ҳол мушаххас нашудааст. Пулис аз мардум хостааст аз наздик шудан ба ин минтақа ва таҷамуъ дар наздикиҳои он иҷтиноб намоянд.
Ба гузориши “BBC-форсӣ” яке аз шоҳидони айнӣ гӯфтааст, ки мошин ба ҳама зад ва ҳама рӯи замин дароз кашида буданд. Ин ҳодиса дар ҳудуди 15 сония руй дод.
Дар моҳи июни соли ҷорӣ низ дар ин шаҳр ҳодисаи мушобеҳе руй дода буд, ки бар асари бархӯрди мошин бо одамон, 6 нафар ҷони худро аз даст дода буданд. Баъд аз он дар хиёбонҳои шаҳр монеҳои бетонӣ гузошта шуда буд.
Дар маҳалли ҳодиса низ монеаҳои бетонӣ вуҷуд доштааст.