Як узви ҲХДТ беш аз як миллиони нафақахӯронро дуздидааст
Як зан дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа кор карда, барои 49 нафар ҳуҷҷат дуруст ва бо истифода аз 11 корти бонкӣ маблағи зиёдеро аз худ кардааст, ки ин ҷинояташ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ошкор шудааст.
Боқиева Зарина Ҷамахоновна, узви ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон, дар вазифаи муовини сардори Раёсат-сардори шуъбаи таъиноти нафақаи Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кор карда, дар давоми фаъолияти кориаш, аз соли 2016 то 4 моҳи аввали соли 2019, бо роҳи сохтакорӣ тартиб додани ҳуҷҷатҳои нафақавӣ бо истифода аз 49 ному насаб ва 21 рақами аснодҳои нафақавӣ ба воситаи 11 адад корти бонкии нафақавӣ дар маҷмӯъ ба маблағи умумии як миллиону чорсаду бисту се сомонӣ маблағҳои буҷетиро аз худ кардааст.
Вобаста ба ин ҳолат нисбати Боқиева Зарина Ҷамахоновна ва дигар ҳаммаслаконаш, мансабдорони узви ҳизби халқӣ демократӣ, ки дар ин ҷиноят ба ӯ ёрӣ расондаанд, бо моддаҳои 245, қисми 4, банди «б», 323 ва 340, қисми 2, бандҳои «а» ва «в»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, маблағи тасарруфгардида, ба пуррагӣ ба буҷа барқарор карда шудааст.