10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Қазоқистон Аврупоро бо нафт таъмин карданист

Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба Иттиҳодияи Аврупо пешниҳод кард, ки  нафти Русияро метавонанд бо нафти Қазоқистон иваз кунанд. Баррасии ин мавзӯъ ҳангоми  гуфтугӯи телефонии раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва раиси Шӯрои Аврупо Чарлз Мишел сурат гирифт. 

Тоқаев хотирнишон кард, ки кишвараш Қазоқистон аввалин шуда аз байни дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ Тавофуқноми шариқӣ ва ҳамкории густардаро бо Иттиҳоди Аврупо имзо кард. Ӯ гуфт бо ин амал муносибатҳоро ба сатҳи нав расонид ва қайд кард, ки Қазоқистон ҷонибдори рушди муносибатҳои устувор бо Иттиҳоди Аврупост ва ин Иттиҳод  бузургтарин шарики тиҷоратӣ мебошад.

Раисҷумҳур ҳамчунин аз Иттиҳодияи Аврупо даъват кард, ки шарикони тиҷорӣ дар таҳияи долонҳои алтернативии трансконтиненталӣ, аз ҷумлаи масири ҳамлу нақли байналмиллалии Транс-Хазар ҳамкорӣ кунанд.

Тоқаев нигаронии худро дар мавриди таҳдидҳо бар амнияти энержӣ дар ҷаҳон иброз кард. Вай аз омодагии Қазоқистон барои истифода аз потансиели ҳидрукарбунии худ барои барқарор кардани вазъият дар бозорҳои ҷаҳониву Аврупо хабар дод. 

Дар поёни сӯҳбат раисиҷумҳур Қосим-Ҷомарт Тоқаев Чарлз Мишелро ба Қазоқистон даъват кард.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *