Вируси корона —вабои оламӣ
Аз охири моҳи декабр шурӯъ карда дар ин се моҳи охир бемории вируси коруна тамоми дунёро ба ваҳм андохт. Маризие, ки аз шаҳри Вуҳани Ҷумҳурии Чин пайдо шуду дар саросари ҷаҳон паҳн гашт. Шумораи беморон ба 859 556 нафар расидаасту ҳар соат дар ҳоли афзоиш ёфтан аст, шумораи фавтидагон бошад аз 42 300 гузаштаасту он ҳам ҳар рӯз зиёд мешавад. Албатта ногуфта намонад, ки шахсони зиёде ҳам ҳастанд, ки аз ин беморӣ шифо меёбанд.
Агарчӣ вирус ба Тоҷикистон ҳанӯз роҳ наёфтааст, вале бо расидани вирус ба давлатҳои ҳамсоя, Ӯзбекистону Афғонистон ва дар хориҷ зиндагӣ кардани ҷамъи зиёди ҳамватанон ин беморӣ ҳар яки мову шуморо низ ба тарсу ваҳм андохт.
Ба гуфтаи Созмони Беҳдоштии Ҷаҳонӣ ва аз назари шариати Ислом ин беморӣ вабо шуморида мешавад, вабое, ки оидаш зиёда аз 1400 сол пеш Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам хабар дода буданд ва чигуна дар ҳолати вабо муомила карданро, ба уммат омухта буданд.
Пеш аз ҳама вабо гуфта, бемориеро мегӯянд, ки пайдо мешаваду зуд ба дигарон сироят мекунад, дар ҳама ҷо паҳн мешавад, одатан шахсони ба вабо гирифтор шуда, вафот мекунанд.
Дар таърихи инсоният борҳо мардум ба вабо гирифтор шуда буданд. Ҳар вабое, ки ба сари мардум меояд, хусусиятҳои хоси худро дошт, ки аз дигаре фарқ мекард.
Дар Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим омадааст, ки Паёмбар мефармоянд:
الطاعون اية الرجز ابتلى الله عز و جل به اناسا من عباده فاذا سمعتم به فلا تدخلوا عليه و اذا وقع بارض و انتم بها فلا تفروا منه
Вабо аз нишонаҳои азоб аст, ки Аллоҳ бо он бандаҳояшро ибтило мекунад,(месанҷаду имтиҳон мекунад). Вақте шунидед, ки дар ҷойе вабо паҳн шудааст, ба он ҷой дохил нашавед. Вақте дар замине, маконе, ки шумо дар он истиқомат доред, вабо пайдо шуд, аз ҷоятон нагурезед.
Дар ҳадиси дигар омадааст, ки Паёмбар мегӯянд:
Вабо беморие аст, ки Аллоҳ ба фарзандони бани Исроил ва ё гурӯҳе аз мардум фиристода буд. Вақте шунидед, ки дар ҷойе вабо вуҷуд дорад, ба он ҷой дохил нашавед, агар мабодо дохил шуда бошед, аз он ҷой фирор накунед, он ҷойро тарк накунед.
Паёмбар салаллоҳу алайҳи васаллам боз гуфта буданд:
المقيم فيها كالشهيد و الفار منها كالفار من الزحف
Ҳар касе, ки дар макони вабо буда, сабр карда он ҷойро тарк намекунад, аҷри шаҳидро мегирад. Ҳар касе, ки аз вабо тарсида мегурезад, мисли шахсест, ки майдони ҷанг бо душманро гузошта фирор карда истодааст. (Аҳмад)
Ҳадисҳо ба чанд чиз далолат мекунанд:
- Худро эҳтиёт кардан дар вақти паҳншавии вабо ва наздики накардан ба маконе, ки дар он ҷой бемории сирояткунанда, вабо вуҷуд дошта бошад. Албатта ин пешгириро тамоми табибон низ тавсия мекунанд. Имрӯз тақрибан тамоми давлатҳо дарҳои худро ба давлатҳое, ки дар он вируси коруно зиёд вуҷуд дорад, бастаанд. Алалхусус мадуми Чин, Итолиё ва Эрон ҳаққи зиёрати давлатҳои дигарро надоранд.
- Ҳадис ба он далодат мекунад, ки маконе, ки дар он вабо паҳн шудааст, ҳатто аз нафас гирифтан аз ҳавояш бояд дур шуд, ба он макон ҳатто наздики набояд кард. Зеро Паёмбар ба шахсони мариз на ҳатто ба макони дар онҷо мараз вуҷуд дошта наздики накунед, гӯён амр карданд.
- Шахсони ба беморӣ гирифтор шуда бояд дар макони худ биистанд, ба ҷои дигар сафар накунанад, то ки бемориро ба маконҳои дигар набаранд. Албатта тамоми табибон низ ин гуфтаи паёмбарро имрӯз асоси паҳн нагаштани беморӣ эълон кардаанд. Бо карантин кардани шахсони бемор, таътил кардани муассасоту ҷойҳои иҷтимоӣ мехоҳанд роҳи паҳншавии бемориро гиранд.
- Нуқтаи муҳимми дигаре, ки дар ҳадисҳо вуҷуд дорад, дар вақти паҳншавии беморӣ ҳамеша бояд роҳи эҳтиёт ва сабабҳоро пеш гирифт, сипас ба Аллоҳ таваккал кард. Вақте шахси беморе ва ё маконе, ки дар он ҷой беморӣ вуҷуд дорад, мешунавед ба Аллоҳ таваккул гӯён ба байни онҳо даромадан, қуввати имонро намефаҳмонад, балки аҳмақи ва хилофи Шариат аст. Аммо вақте бо тақдири Илоҳӣ дар байни маризон вуҷуд доред, барои пешгирии интиқоли беморӣ ба ҷойҳои дигар ва амокини дигар набояд рафт, сабр карду ба тақдири Илоҳӣ сар фуруд овард.
Имрӯз тамоми чораҳои асосие, ки мутахассисон барои паҳн нагаштани вируси курона пеш гирифтаанд, бармегардад ба иршоди Паёмбар, ки 1400 сол пеш ба мо роҳнамоӣ карда буданд.
Албатта дар тамоми давлатҳо роҳҳои худҳимоякунӣ аз бемории куронаро бо тамоми роҳҳо ба мардум нишондода истодаанд.
- Шустани даст бо собун ҳудуди 20 сония;
- Бо моск ба берун баромадан;
- Дар вақти муомила бо дигарон масофаи як метр дур истодан;
- Аз сафарҳои хориҷӣ худдорӣ кардан;
- Бо шахсони аз хориҷ омада, равуо надоштан;
- Ҷисми худро бо ғизои солиму қавӣ муҳайё кардану миқдори зиёди об нӯшидан;
- Ба қадри кофӣ хобидану истироҳат кардан;
- Албатта дар аввалин шубҳаи беморӣ худро ба бемористон расонидан.
Инҳо ҳама сабабҳои пешгирии беморӣ мебошад, ки инсон бояд риоя кунад.
Агар аз рӯи маънавӣ нигоҳ кунем як чанд дуову азкоре аст, ки Паёмбар барои виқоя аз беморӣ гуфтаанд.
Дар сунани Абудовуд ва Насоӣ омадааст, Усмон ибни Авфон разияллоҳу анҳу ривоят мекунанд, ки Паёмбар гуфта буданд:
Ҳар касе, ки ҳангоми шом се бор
بسم الله الذي لا يضر مع اسمه شيء في الارض و لا في السماء و هو السميع العليم
бигӯяд то расидани субҳ ба ӯ ҳеҷ офату балое намерасад ва ҳар касе, ки ин дуоро ҳангоми расидани субҳ бигӯяд то расидани шом ба ӯ ҳеҷ офате намерасад.
Дар саҳеҳи Муслим омадааст, ки боре марде ба назди Паёмбар омада, мегӯяд, дирӯз каждуме маро неш зад. Паёмбар ба ӯ мегӯянд: Агар дар вақти расидани шом ин дуоро мехондӣ, чизе ба ту зарар намекард:
اعوذ بكلمات الله التامات من شر ما خلق
Инчунин дар Муснади Аҳмад ва Насоӣ омадааст, ки Анас ибни Молик мегӯянд, Паёмбар ин дуоро мехонданд:
اللهما اني اعوذ بك من البرص و الجنون و الجذام و من سيئ الاسقام
Ин баъзе дуову азкоре аст, ки дар вақти паҳншавии вабо шахси мусалмон бояд ҳамеша зикр кунад, албатта бо пешгирии сабабҳое, ки табибон тавсия кардаанд.
Аммо корҳои махсус, мисли ҷӯшонидани мӯйе, ки аз байни Қуръон мебарояд ва ё чангу ғуборҳои Қуръонро гирифтану истеъмол кардан дар ягон ҷойе наомадааст ва ақли солим низ қабул надорад.
Албатта ногуфта намонад, ки ҳар нафаре, ки аз мусалмонҳо аз бемории Вабо вафот мекунад, аҷри шаҳидро мегирад ва барояш муждаву муборак аст, зеро дар Бухорӣ омадааст, вақте ҳазрати Оиша аз Паёмбар дар бораи Вабо мепурсанд, Паёмбар мегӯянд:
Вабо азобе аст, ки Аллоҳ ба ҳар касе, ки хоҳад мефиристад, барои мӯъминон бошад, вабо раҳмат аст, ҳар мӯъмине, ки дар ватанаш ба ӯ вабо мерасад ва сабр мекунад, аҷри шаҳидро мегирад.
Муслима Аҳмадӣ