Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ҳамбастагии исломӣ барои рушд дар Алҷазоир баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 23.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ҳамбастагии исломӣ барои рушд (ISFD) зимни мулоқоти муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ бо роҳбари ин фонд Одил Алшариф мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, мулоқот дар доираи ҷаласаи солонаи Бонки исломии рушд […]