11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Интернет дар Эрон ба шарти бозгашти оромиш барқарор мешавад

11 намояндаи маҷлис ба вазири кишвар барои тадовуми қатъи интернет тазаккур додаанд.Узви утоқи бозаргонии Теҳрон мегӯяд намедонем маҳмулаҳоямон куҷост ва муомилот чи гунаанд. 

Муҳаммадризо Тобиш, намояндаи Ардакон ва узви фраксиюни Умед эълом карда, ки истимрори қатъии интернет матлуб нест ва паёмадҳои бадӣ ба думбол дорад. Ў бо ишора ба мухтал шудани бисёре аз фаъолиятҳо аз ҷумла фаъолиятҳои донишгоҳӣ гуфтааст: “Аз сӯи дигар вақте дар ҷомеа фазои мусоид барои тафреҳоти солим аз ҷумла фаъолиятҳои мусиқӣ ё варзишӣ фароҳам нест, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад бисёре аз ин халъҳоро пур кунад, лизо маҳрумият аз он метавонад табаъоти рӯҳӣ, равонӣ ва ҳатто амниятӣ ба думбол дошта бошад.” 

Тобиш бо тавсифи интернет ба оксигин барои ҷомеа, хостори дастрасии ҳарчи зудтари мардум ба фазои маҷозӣ шудааст. 

Ҳамзамон Туба Сиёвушӣ, намояндаи Теҳрон гуфтааст: “Қарор буд интернет ба муддати 24 соат қатъ шавад на 72 соат.” Ӯ афзуда, ки вазири кишвар бояд посухгӯи ихтилоли ҷорӣ дар зиндагӣ ва касб ва кори мардум бошад. 

Хонум Сиёвушӣ аз тазаккури 11 намояндаи маҷлис ба вазири кишвар дар ин замина хабар дода ва ибрози умедворӣ карда, ки иттисоли мардум ба интернет ҳарчи зудтар барқарор шавад. Мустафо Кавокибиён, Маҳмуд Содиқӣ, Ҳамида Зарободӣ, Фотима Саидӣ, Фотима Ҳусайнӣ, Алиризо Маҳҷуб ва Муҳаммадали Вакили аз ҷумла намояндагони имзокунандаи ин тазаккур ҳастанд. 

Ихтилол дар содирот 

Али Кулоҳӣ, узви утоқи бозаргонии Теҳрон низ ба хабаргузории ИЛНО гуфта, ки ба хотири қатъӣ интернет зарбаи сахте ба ваҷҳаи байналмилалии касбу кори кишвар ворид шудааст: “Вақте як ширкат натавонад як имейли содда барои тарафи муқобили худ бифиристд чӣ тазмине барои кор кардан дар арсаи байналмилалӣ барои он компони вуҷуд дорад зеро тарафи хориҷӣ фикр мекунад, ки фардо шояд як маҳдудияти ҷадид эъмол шавад ва кулли муомила ба хатар бияфтад.” 

Ӯ ба нақл аз мудири бозаргонии ширкати путрушимӣ гуфтааст: “Дар содирот дучори мушкил шудем ва алъон хабар надорем, ки маҳмулаҳои мо куҷост? Вазъияти киштиҳо чӣ гуна аст? Агар имрӯз ва фардо интернет васл шавад шояд битавон то ҳудуде хисорате, ки ба ваҷҳи байналмилалӣ ворид шударо ҷуброн кард аммо агар ин вазъият тӯлонӣ шавад ба таври ҳатмӣ дер хоҳад шуд.” 

Алӣ Кулоҳӣ унвон карда, ки пас аз моҳҳо давандагӣ тавониста буданд дар шароити таҳрим, ҳисоби бонкӣ дар кишвари Аврупоӣ боз кунанд: “Аммо алъон 3 рӯз аст банк мунтазир монда то мо мадорикро имейл кунем аммо наметавонем. Вақте ба онҳо эълом кардем, ки интернет қатъ аст комилан шокӣ шуданд.” 

Расонаҳои дохили Эрон гузориш медиҳанд, ки иқтисоди кишвар дар рӯзҳои гузашта ба далели тахриби амволи умумӣ, ҳуҷум ба фурӯшгоҳҳои занҷираеӣ ва бензинфурӯшиҳо беш аз 2000 миллиард тумон хисорат дида, аммо аслитарин бахше, ки зарба хӯрда, фазои маҷозӣ ва касбу корҳои фаъол дар ин фазост. Дар гузоришҳо аз “рузҳои сахти стортап”-ҳо ёд мешавад ва хисорати 1,5 триллион тумонӣ ношӣ аз маҳдуд шудани интернет дар Эрон. 

Қуфл шудани касбукорҳои интернетӣ 

Вазири иртиботот гуфта, ки бархе аз касбу корҳои интернетӣ дар рӯзҳои ахир 90 дарсад коҳиши тарокуниш доштаанд ва донишгоҳиён низ дар ҷустуҷӯи манобеъи дарсӣ ва таҳқиқотӣ дучори мушкил шудаанд: “Дирӯз хонуме бо вазоратхона тамос гирифта ва гуфта буд барои ширкат дар озмуни яке аз кишварҳо 4000 евро ҳазина карда ва ҳоло барои пайгирии натиҷаи озмун ниёзманди дастрасӣ ба имейл аст ва замону заҳмат ва пуле, ки барои ин кор сарф карда, дорад аз байн меравад.” 

Дар ҳамин замина, Алӣ Рабеӣ, сухангӯи давлат, чаҳоршанбе 20 ноябр  дар ҳошияи ҷаласаи ҳайати давлат, тасмим дар бораи иттисоли интернетро бар ӯҳдаи Шӯрои олии амнияти миллӣ донист: “Мулоҳизоте вуҷуд дорад, ки бо риояти онҳо иттисоли интернет дар устонҳо ба зудӣ оғоз мешавад то нигаронии шоғилон дар интернет бар тараф шавад.” 

Интернет дар Эрон аз соати 18 рӯзи шанбе 16 ноябр ба тасмими Шӯрои амнияти кишвар қатъ шуд ва адами дастрасӣ, аз 24 соати иддао шуда фаротар рафт. Ҳеҷ як аз масъулони расмӣ замони муаянеро барои иттисоли дубораи интернет эълом намекунад аммо замзама мешавад, ки интернет аз шанбе дубора васл мешавад. 

Муҳаммад Ҷавод Озари Ҷуҳрамӣ, вазири иртиботот эълон карда, ки дар бораи васли шудани дубораи интернет, “бароварди замонӣ” надорад аммо умедвор аст ҳар чӣ зудтар ин иттисол сурат гирад. 

Муҳаммад Ҷавод Куливанд, узви Шӯрои амнияти кишвар ба хабаргузории ИСНО гуфта, ки барқарории саросарии интернет дар Эрон мусталзими бозгашти оромиш ба кишвар аст: “Тасмими қатъи интернет як тасмими ҷамъӣ буд ва тасмимгирӣ барои барқарории муҷаддади он низ ба тасмими ҷамъ ва вазъияти кишвар бар мегардад. Қатъан ба зудӣ бо таваҷҷуҳ ба гузоришҳои восила аз нуқоти мухталиф дар ин замина тасмимгирӣ хоҳад шуд.” 

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *