9 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Барои сохтмони бинои парлумон Чин маблағи камтаре медиҳад 

Чин барои сохтмони бинои парлумон ва ҳукумати Тоҷикистон маблағи камтар аз он чи қаблан расонаӣ шуда буд, ироа хоҳад кард. Ба ҷои 215 миллион доллари қаблан садодода, $120 миллион кӯмаки ҳамсоякишвар насиби Тоҷикистон мегардад.

Кӯмаки 900 миллионюании Чин, ки ҳудуди 129.5 миллион долларро ташкил медиҳад, тибқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чин барои омодасозӣ ва сохтмони биноҳои парлумону ҳукумати Тоҷикистон масраф хоҳад шуд.

Ин ҳуҷҷат миёнаи моҳи ҷорӣ, зимни сафари сарвазир Чин Ли Кетсян ба Тоҷикистон имзо шуда буд.

Ҷонибҳо ба созиши аввалия оиди кӯмаки Чин барои сохтмони бинои парлумон ва ҳукумат дар Душанбе зимни сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон дар сентябри соли гузашта ба Чин расида буданд. Он замон дар бораи 215 миллион доллар ҳарф мезаданд.

Ба сохтмони биноҳо рӯзи 13 октябр бо ширкати Ли Кетсян, Эмомалӣ Раҳмон, ва фарзандони мақом дорӣ ӯ Озода ва Рустам Эмомалӣ оғоз бахшида шуд.

 

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *