Оғози конфронси Либия дар Берлин
Иҷлоси Либия ба манзури барқарории оташбас ва сулҳи пойдор дар ин кишвар дар Берлин, пойтахти Олмон оғоз шуд.
Ҳадафи ин иҷлос оғози музокироти сулҳ барои таваққуфи даргириҳо, эҷоди фазои амн байни тарафҳо ва барқарории сулҳи пойдор дар Либия аст.
Ин иҷлос ба ибтикори Туркия ва Русия ва пас аз тавофуқи оташбас дар Либия баргузор мешавад. Намоядагони Туркия, Амрико, Англис, Русия, Фаронса, Чин, Италия, Аморот, Миср, Алҷазоир, Конго ва намояндагони иттиҳодияҳои Аврупо ва Африқо дар он ширкат доранд.
Фаъз Ал-Сироҷ раиси шӯрои риёсати давлати вифоқи миллии Либия, ки аз сӯи Созмони милал ба расмият шинохта мешавад ва Халифа Ҳафтар, раҳбари шибҳинизомиёни ғайриқонунии шарқи Либия дар Берлин ҳузур доранд.
Гуфта шуда қарор аст Ал-Сироҷ ва Ҳафтар, ки дар оғози ин иҷлос даври як миз ҳузур наёфтаанд, дар солонҳои ба таври ҷудогона дар салони конфронс пазируфта ва бо онҳо музокира хоҳад шуд.
Конфронси Либия ба ибтикори Туркия ва Русия ва пас аз тавофуқи оташбас дар Либия баргузор мешавад. Туркия, Италия ва Алҷазоир аз давлати оштии миллии Либия, ки аз тарафи Созмони милал ба расмият шинохта мешаванд, ҳимоят ва Фаронса, Аморот ва Миср аз Ҳалифа Ҳафтар пуштибониӣ мекунанд.
Ал-Сироҷ хоҳони таваққуфи ҳимояти таслиҳотӣ, ба расмият шинохтани давлати машрӯъи Либия, адами таслими манобеъи энерҷӣ ба кишварҳои хориҷӣ ва хурӯҷи шибҳинизомиёни Ҳафтар аз сарзаминҳое, ки тайи ҷанг ғайриқонунӣ ишғол кардаанд, аст.
Ҳафтар низ хоҳони контроли банки марказии Либия, халъи силоҳи низомиёни давлати оштии миллӣ пас аз тавофуқи оташбас, истиқрори шибҳинизомиёнаш дар Траблос ва касби қудрати сиёсӣ ба нисбати арози таҳти контрол дар сурати як тавофуқи эҳтимолӣ аст.