11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Натоиҷи як назарсанҷӣ: ҷавонони араб Исроил ва Эронро бузургтарин душманони худ медонанд

Натоиҷи як назарсанҷӣ нишон медиҳад, ки ҳудуди ду севуми ҷавонони араб мӯътақиданд равобити Эрон бо Исроил ва Ғарб ба даргирии низомӣ тамом хоҳад шуд. 

Ин назарсанҷӣ тавассути муассисаи “ҷавонони араб”, ки як ширкати таҳқиқотии пешрав аст, ки пажӯҳишҳоеро дар миёни кишварҳои арабӣ баргузор мекунад, анҷом шудааст. Ин муассиса дар понздаҳумин назарсанҷии солонаи худ аз ҷавонони араб ба натоиҷи қобили таваҷҷуҳе даст ёфтааст. 

Бар асоси ин назарсанҷӣ, ки дар он 3 ҳазору 600 шаҳрванди араб 18 то 24 сола дар 53 шаҳр аз маҷмӯъи 18 кишвари арабӣ ширкат доштанд, назароти афрод дар мусоҳибаҳои ҳузурӣ гирифта шудааст. Баргузоркунандагони ин пажӯҳиш мегӯянд назарсанҷии худро дар таърихи 27 март то 12 апрели 2023 анҷом додаанд. Дар идома нигоҳе ба бахшҳое аз муҳимтарин ёфтаҳои ин назарсанҷӣ меандозем. 

Муноқишаи Фаластин ва Исроил 

Ҷавонони араб нисбат ба ҳалу фасли муноқишаи Фаластин ва Исроил бадбин ҳастанд ва аксари онҳо мегӯянд даргирии 75-сола байни фаластиниҳо ва Исроил тайи 5 соли оянда ҳал нахоҳад шуд. Илова бар он 39 дарсади онҳо мӯътақиданд, ки бо афзоиши авлавиятҳои миллӣ, даргириҳо дар сарзаминҳои фаластинӣ дигар монанди қабл таваҷҷуҳоти лозимро аз сӯи кишварҳои арабӣ дарёфт намекунад. 

Равобити наздиктар бо Исроил 

Вақте аз ҷавонони араб пурсида шуд, ки оё аз тасмими давлати худ барои оддисозии равобити дипломатик бо Исроил ҳимоят мекунанд натоиҷи мутафовите ҳосил шуд. Ба унвони мисол дар Аморот 75 дарсади ширкаткунандагон аз тавофуқи давлати худ бо Исроил ҳимоят карданд. Дар Баҳрайн ин адад ҳудуди як севум буд.

Аммо дар Судон, чаҳорумин кишвари арабӣ аст, ки бо Исроил робитаи дипломатик барқарор кардааст 94 дарсад касоне, ки дар ин назарсанҷӣ ширкат карданд, гуфтанд, ки бо тасмими давлати худ мухолиф ҳастанд. 

Туркия беҳтарин муттаҳиди араб дар миёни кишварҳои ғайриараб 

Дар бахши дигаре аз ин назарсанҷӣ аз ҷавонони араб пурсида шуд, ки кадом кишвари ғайриарабиро ба унвони муттаҳиди худ мешиносанд. 

Бар асоси натоиҷи ҳосила 82 дарсад аз ширкаткунандагон дар ин назарсанҷӣ, Туркияро муттаҳиди қавӣ ва ё то ҳудуде муттаҳиди кишвари худ муаррифӣ карданд. Пас аз он Чин бо 80, Бритониё бо 79, Олмон бо 78 ва дар ниҳоят Фаронса бо 74 дарсад дар радаҳои баъдӣ қарор гирифтанд. 

Ҳамчунин дар ин назарсанҷӣ, Иёлоти муттаҳида бо 72 дарсад дар ҷойгоҳи поинтаре қарор гирифт. Дар ҳоле ки Русия соли гузашта дар миёни се муттаҳиди аввали кишварҳои арабӣ ба шумор рафта буд, дар назарсанҷии имсол бо 63 дарсад дар радаи нӯҳум қарор гирифта ва ҳатто аз Покистон бо 69 дарсад ҳам ҷойгоҳи поинтареро ба худ ихтисос додааст. 

Эрон ҳам бо 36 дарсад дар радаи даҳум қарор дорад ва баъд аз он Исроил бо 13 дарсад ёздаҳум аст. 

Бо ин ҳол аксари ин ҷавонони араб, мӯътақиданд, ки Иёлоти муттаҳида ҳамчунон бештарин нуфузро дар ҷаҳони араб дорад. Ҳарчанд тақрибан ду севуми онҳо мегӯянд, ки тарафдори хурӯҷи Иёлоти муттаҳида аз минтақа ҳастанд. 

Исроил ва Эрон, бузургтарин душманони миллати араб 

Дар миён бахши душманони кишварҳои арабӣ раванди акси муттаҳидини қобил мушоҳида мешавад. Ба ин маъно, ки 86 дарсад ҷавонони араб, Исроилро душман ё “то ҳудуде душман”-и кишварҳои арабӣ донистаанд. Пас аз он Эрон бо 57 дарсад дар радаи дувум қарор дорад ва Русия ва Амрико бо 32 ва 27 дарсад дар радаҳои баъдӣ қарор доранд. 

Кишварҳои намуна барои зиндагӣ 

Барои дувоздаҳумин соли идомаи насарсанҷиҳо, ширкаткунандагони бештаре гуфтаанд, ки дӯст доранд дар Амороти муттаҳидаи арабӣ зиндагӣ кунанд ва онро кишваре медонанд, ки тарҷеҳ медиҳанд давлаташон аз он ҷо улгубардорӣ кунад. 

Тақрибан 25 дарсад ҷавонони араб Аморотро ба унвони кишваре, ки дӯст доранд дар он ҷо зиндагӣ кунанд, муаррифӣ кардаанд. Ин алоқа барои Амрико ва Канада 19 ва Қатар 15 дарсад будааст. Ҳамчунин Арабистони саудӣ ва Бритониё ҳам бо 11 дарсад дар радаи панҷуми муштарак қарор доранд. 

Ҷанги Эрон ва Исроил 

Бар асоси ин назарсанҷӣ 60 дарсад ҷавонони араб мӯътақиданд, ки танишҳои миёни Эрон ва Исроил ба як даргирии низомӣ мунҷар хоҳад шуд дар ҳоле ки танҳо 33 дарсад гуфтаанд, ки ба бовари онҳо ин муноқишот аз тариқи дипломатик ҳалу фасл хоҳад шуд. 

Ин адад албатта дар бахшҳои мухталифи кишварҳои арабӣ мутафовит будааст. Ба унвони мисол дар сарзаминҳои Шом ҳудуди 70 дарсад аз ширкаткунандагон дар ин назарсанҷӣ гуфтаанд, ки интизор доранд равобити Эрон ва Исроил ба даргирии низомӣ мунҷар шавад аммо ин адад дар миёни ҷавонони арабии минтақаи Халиҷи Форс 55 дарсад будааст. Ҳамчунин дар миёни ҷавонони кишварҳои шимоли Африқо ин мизон танҳо 54 дарсад будааст.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *