11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Кабирӣ: дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон бояд миссияи нозирони СММ ҷойгир шаванд

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон пешниҳод кард барои ҷилавгирӣ аз низоъҳои нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳамаи нуқтаҳои ҳассоси он миссияи нозирони Созмони миллали муттаҳид мустақар шаванд. Ӯ гуфт ҳар кадоме аз раҳбарони ду кишвар манфиъатдори ҷанг нест бояд ин пешниҳодро ба СММ ироа кунад.

Раҳбари мухолифини тоҷик таъкид кард, ки дар ҷанг танҳо раҳбарони ду кишвар метавонанд манфиъатдор бошанд ва дар ҳади камтаре нерӯҳои саввум. Нерӯи саввум ба гуфтаи ӯ кишварҳое метавонанд бошанд, ки дар авохир мавқеъашонро дар арсаи байналмиллалӣ аз даст додаанд ва мехоҳанд нишон диҳанд, ки ҳанӯз ҳастанд. Аммо аз ҳеҷ кишваре ном набурд ва ҳамчунин гуфт, ки имкони даст доштани қувваи савум аз 20 дарсад бештар нест. 

Дар ҳамин ҳол ӯ мутмаъин аст, ки бо вуҷуди доштани манфиъат дар ин ҷанг бисёр баъид аст, ки ҳамла бо фармони Раҳмон, яъне аз ҷониби Тоҷикистон шурӯъ шуда бошад. 

Кабирӣ ҳамчунин гуфт ин низоъҳо наметавонанд аз ҷониби мардуми оддӣ ё сарбозони яке аз тарафҳо шурӯъ шавад. “Як қирғиз ҳеҷ манфиъате дар сӯхтани хонаи тоҷик ва ё тоҷик дар ҳамла ба хонаи қирғиз надорад. Ҳеҷ сарбозе ҳам наметавонад бидуни фармони қумондонаш ба самти шаҳрванди кишвари дигар тир кушояд. Агар қумондонаш ин фармонро дод, пас ӯ фармонро аз сарфармондеҳ гирифтааст” — таъкид кард ӯ. 

Раҳбари Паймони миллӣ манофеъе, ки роҳбарони ду кишвар аз ҷанг метавонанд дошта бошанд баршумурд ва аз ҷумла гуфт дар Қирғизистон ҳамеша инқилоб таҳдид мекунад ва барои пешгирӣ аз он Ҷабборов бояд фикри мардумро ҷониби дигар барад. Эмомалӣ Раҳмон ҳам барои дур нигоҳ доштани назари мардум аз мушкилоти дохилӣ, ҳамеша ба як душмани беруна ниёз дорад. 

Сабаби пирӯзии Қирғизистон дар ҷанги иттилоъотиро ҳам Муҳиддин Кабирӣ бештар дар набудани озодии баён ва расонаҳову журналистони озод дар Тоҷикистон ва баръакс озодии матбуот дар Қирғизистон номид. Сабаби дигарашро ӯ дар наздикии мақомоти қирғиз ба мардумаш ва иртиботи ҳамешагии онҳо бо мардум ва расонаҳо донист. 

Бо пешниҳоди мустақар кардани миссияи СММ раҳбари ПМТ аммо гуфт ин масъулиятро наметавон ба СПАД бовар кард, чун ин созмон собит кард, ки наметавонад ҳатто низоъи байни аъзояшро ҳал кунад.

Шакли пурраи суханронии Муҳиддин Кабириро дар ин мавзӯъ метавонед инҷо тамошо кунед:

Хабарҳои муҳими рӯз дар Паём ТВ

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *