11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Бузургмеҳр Ёров дар як даст Қуръону дар дасти дигар Сарқонун, додгоҳро “тарконд”

Вакили маъруфи дифоъ Бузургмеҳр Ёров пас аз чанд маротиба таъхир, билохира дирӯз сухани интиҳоияш дар додгоҳро ироа кард. Ӯ, ки дар як даст Қуръон ва дар дасти дигар Сарқонун дошт, он қадар ошкоргӯӣ кард, ки фиғони додрасу додситон баромад.

Маълум шуд, чаро ин қадар аз сухани ниҳоии Бузургмеҳр метарсидаанд ва чаро иштироки ҳеҷ рӯзноманигор ва намояндаи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсонро дар додгоҳ иҷоза намедодаанд. Бузургмеҳр бояд сухани охирашро рӯзи 20-уми сентябр ироа мекардад, вале онро бо ҳар баҳонаи ба қафо мепартофтанду билохира таҳти фишори созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва кишварҳои ғарбӣ, маҷбур шуданд онро бишнаванд. Вале то нисфирӯзӣ толорро бо кормандони УБОП ва баъди нисфирӯзӣ бо кормандони додгоҳ пур карданду бо баҳонаи “ҷой нест” рӯзноманигорону мудофеъонро ба он роҳ надоданд.

Аввал Нуриддин Маҳкамов давоми сухани ниҳояишро ироа кард. Додситону додрас беш аз даҳ маротибагӣ сухани ӯро буриданд ва нагузоштанд, ки онро бе мушкил қироат кунад. Ба ҳар ҷумлааш эрод мегирифтанд. Маҳкамов тамоми иттиҳомот алайҳашро рад кард ва гуфт, ки ҳаргиз тундгарову экстремист набудааст. Баръакс онҳое экстремистанд, ки ӯро ин қадар тӯҳмат бастаанд.

 Навбати Бузургмеҳр ҳам расид. Мутмаинан, додрас Бобохонзода Асомиддин ва додситон Тақдирзода Рустам дирӯз на танҳо аз гирифтани парвандаи Ёров ё интихоби касбашон, балки аз ба дунё омаданашон пушаймон шуданд.

Пеш аз оғози сухан Ёров талаб кард то вохӯриаш бо фарзандонашро таъмин намоянд, то фикри онҳо дар бораи сухани ниҳоияшро бигирад, вале додрас ин талаби ӯро рад кард.  

Додрас аз Ёров пурсид, ки “омода ҳастӣ барои баромад кардан? дар наздат ягон варақу қоғаз нест”. Бузургмеҳр посух дод “барои ман ягон варақ лозим нест. Ман ҳамон рӯзи аввал, ки дастгирам карданд, омода будам. Барои ман ин посухгӯӣ дар додгоҳ шараф аст, чун ман гунаҳкор нестам. Лекин шумо ба ман 25 сол тӯҳфа карда истодаед.”

Бузургмеҳр дар оғози суханаш гуфт, “ҳазор сол қабл дар ҳамин рӯзҳо Ибни Сино дубайтие гуфта буд:

Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд,

Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд.

Хар бош, ки ин ҷамоъа аз фарти харӣ,

Ҳар к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд.”

Ёров ба додрас ва додситон муроҷиъат кард, ва бо ангушт ба онҳову дигар ёрдамчиёни онҳо ишора карду гуфт “дониши ҳуқуқии ман аз ҳамаи шумо — инҷо ҳузурдоштаҳо болотар аст.” Додрас эрод гирифт, ки “ба иззати нафси дигарон нарас”. Бузургмеҳр гуфт, “ин ба иззати нафс расидан нест, ин ҳақиқате аст, собиташ мекунам”. Ва бо овардани чанд мисол собит ҳам кард. Гуфт, “ман модаи 14-уми Сарқонунро ба Шумо пешкаш мекунам, ки дар он чунин омадааст: Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд. Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.”

Ва Қуръонро бардошту гуфт “ва Қуръонро пешкаш мекунам. Аз рӯзе, ки дастгир шудаам, ин ду китобро аз даст нагузоштаам. Инаш Қуръон ва инаш Сарқонун, ки ҳардуяш барои ман азиз аст.”

Ёров бо ангушт ба сӯи додситон Рустам Тақдирзода ишора карда гуфт, ки “соли 1937 ҷои ин бесавод як бесаводи дигар бо номи Сахов нишаста буд ва ба Шириншоҳ Шотемуру Нусратулло Махсум ҳукми қатл талаб кард, ки дар натиҷа додраси аҳмақ ҳам ҳукми онҳоро содир кард. Агар он бесавод, мисли ин бесаводе, ки имрӯз барои ман 25 сол талаб дорад, ин корро намекард, шояд мо Шириншоҳу Нусратуллоҳро аз даст намедодем ва Самарқанду Бухороро ҳам аз мо намегирифтанд. Имрӯз ин бесаводи дигар 25 солро бо нӯги забонаш мегӯяд, барои он ки бо забон гуфтанаш бисёр осон аст, мисли ҳамон аҳмақи Сахов, ки дар ҷои нишастааш ҳукми ду бузургворро содир кард.”

Сипас Бузургмеҳр ба ҳозирин рӯ овард ва ба додситон ишора карду гуфт: “Хубу бодиққат нигоҳ кунед. Чеҳраву симои ин, ному насабаш, ҳамаро дар хотир гиред. Чун дар таърих мемонад, ки ин одам ба фалониҳо ҳамин гуна ҳукм талаб кард. Ва шумо чеҳраи ин инсони таърихиро дар хотир гиред”. Додситон аз ҷояш баланд шуду эътироз кард, ки Ёров шахсияти маро паст зада истодааст. Додрас аз Бузургмеҳр хоҳиш кард додситонро таҳқир накунад.

Ёров гуфт “ман аз рӯзи аввал ба додгоҳ бовар надоштам ва медонистам, ки адолат барқарор нахоҳад шуд, чунки эҳсос мешавад ба додрас фишор оварда истодаанд. Мисоли оддиаш ин аст, ки то имрӯз ман даҳҳо дархост кардам, вале ягонтояш ба инобат гирифта нашуд. Агар додгоҳ одилона аст ва шумо худатон ба даъвоҳоятон бовар доред, барои чӣ рӯзноманигорон ва намояндагони созмонҳои ҳуқуқиро ба додгоҳ роҳ намедиҳед? Барои чӣ толорро бо кормандони УБОП пур кардаед?”

Баъдан Бузургмеҳр гуфт ман чанд оят аз Қуръони карим мисол меорам, ки ба додрас ва додситон таъаллуқ дорад. Ончӣ ба додрас таъаллуқ дорад сураи “Раҳмон” ояҳои 7,8 ва 9 аст. (Ва осмонро барафрошт ва мизонро (тарозу) қарор дод. Ва дар мизон таҷовуз накунед. Ва вазнро дар асоси адл барпо доред ва мизонро кам накунед).   

Идома дорад
P.S. Баъди ироаи сухани ниҳоияш Бузургмеҳр Ёров ба УБОП бурда шудааст ва эҳтимоли шиканҷа шуданаш вуҷуд дорад.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *