Наврасони тоҷик дар майдони худ аз эрониҳо шикаст хӯрданд
Тими мунтахаби футболи наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон дар нахустин рақобати дӯстона аз ҳамтоёни эронияшон шикаст хурданд
Бозии мунтахаби дастаҳо дирӯз 23 декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гашта, бо ҳисоби 4 бар 1 ба фоидаи меҳмонон хотима ёфт.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон чор голи чониби Эронро Алиакбар Ранҷбар, Бежан Нишонбойзода, Муҳаммадризо Кушки ва Ядегар Рустамӣ ба ҳадаф расониданд
Ягона голи ҷониби Тоҷикистонро Амир Иброҳимзода ба ҳадаф расонидааст.
Бозии ҷавобии дастаҳо санаи 26 декабр доир мегардад.
Рақобатҳои тимҳои ҷавонони кишварҳо бошад рӯзҳои 24 ва 27-ум доир мегардад.
Гуфта мешавад, бозии яккачинҳо барои омодагӣ ба рақобатҳои қаҳрамонии Осиё, ки ҳукми интихобии Ҷоми ҷаҳониро дорад, сурат мегирад.