11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Вокуниши Абдулло Давлатов ба мулоқоти Р. Раҳимзода бо “раҳбарон”-и диаспораҳо дар Русия

«Ман аз 77 пушти вазире, ки ягона дастовардаш аз сари хоҳарону модарони мову шумо рӯймол чидан аст, безорам!!!» Ҳайфи шумо, ки ӯро мелесед!”
Абдулло Давлатов, яке аз машҳуртарин раҳбарони диаспораҳои тоҷик ва раиси Ҷамъияти “Тоҷикони Русия” ба мулоқоти Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи ҶТ, бо “раҳбарон”-и диаспораҳои тоҷик дар Русия вокуниш нишонда, гуфт, аз мулоқоти вазироне, ки бар алайҳи ҳиҷоб мубориза мебаранд, безор аст.
Ин раҳбари тоҷикони Русия дирӯз, 16-уми июли 2017,  дар сафҳаи фейсбукии худ бо овардани қиссае аз мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмон, вазири вақти маорифи ҶТ бо “раисон”-и диаспораҳои тоҷик, таъкид кард: «Ман аз 77 пушти вазире, ки ягона дастовардҳояшон аз сари хоҳарону модарони мову шумо рӯймол чидан аст, безорам!“
Ҷаноби Абдуллоев қиссаро чунин шарҳ дод: “Дар Панҷакент будем. Ҷашни Рӯдакӣ буд. Ҳамкурсам Саидро дидаму аз гурӯҳи «калон»- ҳо ҷудо шуда, бо ӯ давраи ҷавониро ёдоварӣ мекардему вақтамон хуш мегузашт. Ногаҳ садои «Доктор», «Абдулло Сатторович» ва «раис»- ро шунида баргаштаму дидам, ки «раис»-они чанд минтақаи Русия вазири вақтии маориф Абдуҷаббор Раҳмонро иҳота кардаанду сурат мегиранд.”
Ӯ афзуд: “Аз ман даъват карданд, ки ҳамроҳ шавам. Ба маънии «аз ранги чунин вазир безорам» даст афшондаму бо дӯстам суҳбатро давом додам. Вақте ба меҳмонхона баргаштем, он 7 нафар «раис» истинтоқам карданд, ки «ту барои чӣ ба Вазир беэҳтиромӣ кардӣ?!» ва кор то ҷанҷол кашид.”
Абдулло Давлатов бо камоли таассуф аз тамаллуқкории бархе ба ном раисони диаспораҳои тоҷик дар Русия идома дод: “Гуфтам: «Ман аз 77 пушти вазире, ки ягона дастовардашон аз сари хоҳарону модарони мову шумо рӯймол чидан аст, БЕЗОРАМ!!!» Ҳайфи шумо, ки ӯро мелесед!”
“Агар мо, тоҷикони Русия худро эҳтиром мекардем, ин вазирон пеши мо саҷда мекарданд! Муҳоҷирони бечораи мо онҳоро мехӯронанд, на онҳо моро!» – афзуд ӯ.
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки сайти ВКД дирӯз аз мулоқоти вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон, Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо “супориш” (?)-и Эмомалӣ Раҳмон бо “раисон”-и диаспораҳои тоҷик дар шаҳри Сочии Русия хабар дод.
Ба назар мерасад, ки ин мулоқотҳо ва вохуриҳо “намоишӣ” буда, мисли ҳамеша ба он раҳбарони диаспораҳои асил, ки дар миёни муҳоҷирон хидмат мекунанд ва аз ҷойгоҳи хоссе бархурдор ҳастанд, даъват нашудааст.
Дар ин мулоқот, Абдулло Давлатов — раҳбари ҷамъияти “Тоҷикони Русия”, Иззат Амон – раиси Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия, Каромат Шарипов – раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик ва даҳҳо тан аз раҳбарон ва масъулони диаспораҳо ва шахсиятҳои бонуфузи муҳоҷирини тоҷик даъват нашудааст.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *