Ҳиҷрати саросарие, ки ба ояндаи миллату кишвар хатар эҷод кардааст. Роҳи ҳал кадом аст?
Деҳаҳои Тоҷикистон бо суръат холӣ мешаванд. Шумори дарҳои қуфлзада дар деҳаҳо ҳар рӯз бештар мегарданд. Як пурсиш аз хонандагони ҳамешагии “Паём” нишон дод дар баъзе деҳаҳо камтар аз 30 дарсади сокинон боқӣ мондаанд. Агар қаблан ҷавонон тарки ватан мекарданд, ҳоло солхӯрдагон ҳам, ки бархе синнашон аз 80 ҳам болост рӯ ба ҳиҷрат овардаанд.
Як хонанда менависад танҳо дар як шаҳраки ҳавмаи Екатеринбург беш аз 30 мӯйсафеди тоҷик, ки синнашон аз 70 болост, зиндагӣ мекунанд. “Рӯзи ҷумъа фикр мекунӣ дар Тоҷикистон қарор дорӣ, зеро даҳҳо мӯйсафед дар харакҳои назди масҷид нишаста тоҷикӣ сӯҳбат мекунанду 80 дарсади намозхонон ҳам тоҷиканд” — менависад хонада аз Екатеринбург.
Дар ҳамин ҳол, дар кӯчаҳои деҳоти Тоҷикистон танҳо мӯйсафедону занон ва хонандагони мактабро мешавад вохӯрд. Чунин ҳолат қаблан дар тобистон, вақте аксари мардони ҷавон ба муҳоҷирати корӣ мерафтанд, иттифоқ меафтод. Аммо он замон шумори занону мӯйсафедон бамаротиб бештар буду кам иттифоқ меафтод, ки кӯчаҳо холӣ бимонанд. Аммо “ҳоло вохӯрдани ҷамъи мардум дар кӯчаҳои деҳа аз аҷоибот аст, ки кам иттифоқ меафтад. Дар як масҷидравӣ агар бо 5 кас, чи марду чи зан, дар кӯча мулоқот кунӣ, хушҳол мешавӣ” — менависад як хонанда аз Кулканди Исфара.
Муаллима аз ҷамоъати Лоҳутии ноҳияи Конибодом менависад “камаш 40 хонандаи синфи 11 дар моҳҳои октябр — ноябр мактабро тарк карда ба Россия ва давлатҳои дигар рафтанд. Бе ин ҳам ними хонандагон дар синфи 10 ё дар таътили тобистона рафта буданд. Дар аксарияти синфҳо қариб ки писарбача нест”.
Қаблан агар вохӯрдани мӯйсафед ё кампири тоҷик дар Маскав аз наводир буд, ҳоло дигар касе аз он таъаҷҷуб намекунад. Сардор, як муҳоҷири тоҷик, ки дар Маскав зиндагӣ мекунад менависад: “пештар агар ягон мӯйсафеди тоҷикро медидем мисли он ки падарамонро дида бошем хушҳол шуда, зиёрат мекардем. Ҳозир рӯзе нест, ки ягон мӯйсафедро дар метро ё бозор вонахӯрӣ. Баъзе вақтҳо кампирҳо ҳам мегарданд”.
Як сокини деҳаи Машъали ноҳияи Вахш: “ҳафтаи гузашта мӯйсафеди ҳамсояи мо ҳамроҳи кампираш ба Русия рафтанд. Панҷ писарашон ҳамроҳи зану фарзанд дар Россия зиндагӣ мекунанд. Хурдиаш падару модарашро нигоҳубин мекард, облава қапид. Сӯми калон дода ҷонашро халос карду ба Русия гурехт, акнун мӯйсафеду кампирро ҳам бурданд”.
Онҳое ҳам ҳастанд, ки аз Русия “ихтиёран” ба ватан бармегарданд. Як сокини 23-солаи ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт “ихтиёран” ба Тоҷикистон баргашта, ба артиш рафтааст. Танҳо баъди дар сафи аскарон қарор гирифтани ин ҷавон падарашро, ки ду ҳафта дар боздоштгоҳ нигоҳдорӣ мешуд, то писарашро аз Русия баргардонад, озод карданд.
Деҳаҳои ин ҷамоъат бо суръат холӣ мешаванд. Дар як Далери Имомалӣ, рӯзноманигори инак зиндонии тоҷик, аз дарвозаҳои қуфлзадаи ин деҳа ҳикоят мекард. Хонандаи Паём аз ин ҷамоъат менависад, аз замони гузориши Далер то имрӯз садҳо(!) дарвозаи дигар қуфл зада шуданд. “Фақат онҳое мондаанд, ки падару модари пир ё ягон кор доранд. Ҳар касе, ки шароити рафтан дорад, рафта истодааст. 30 фоизи одамҳо мондагӣ нестанд. Ду сол боз гули зардолуро хунук мезанад. Аксари боғдорҳо ҳам муфлис шуда Русия рафтанд”. Гуфтанист Ашт ҳазорҳо гектар боғҳои зардолу дорад ва даромад асосии сокинонаш баъди муҳоҷират аз ҳисоби ҳамин заминҳост.
Сабабҳои ҳиҷрати сокинон, ҳарчанд бештар иқтисодист, аммо яксон нест. Сабабҳои сиёсиву иҷтимоӣ ҳам таъсири камтар надоранд.
Инак чанде аз ин сабабҳо, ки боис бо суръат холӣ шудани деҳаҳо мегарданд:
1. Иқтисодӣ
Сабаби аслии ҳиҷрати саросарӣ иқтисодӣ аст. Ва ин чанд ҷанбаъ дорад:
а) қаблан муҳоҷирон метавонистанд бо 3-4 моҳ кор кардан дар Русия хароҷоти яксолаи хонаводаҳояшонро таъмин кунанд. Ҳоло музди кор камтару масорифи хонаводаҳо дар Тоҷикистон бештар шудааст. Аз ин рӯ муҳоҷирон маҷбуранд ҳади ақал 6 моҳ ва ҳатто тамоми сол кор кунанд.
б) Корҳои мавсимӣ камтар шуда, муҳоҷирон маҷбур ба корҳои доимӣ шудаанд, ки дар натиҷа имкони камтари сафар ба ватанро доранд;
в) Онҳое, ки дар бозорҳо тиҷорат доранд, қаблан онро бо навбат байни бародарон ё наздикон ба роҳ монда буданд. Як бародар дар Русия тиҷорат мекарду бародари дигар дар Тоҷикистон меистод. Ҳоло бо чанд сабаб — кам шудани даромад, фишори мақомот дар кишвар болои онҳое, ки каме сарват доранд ва ғайра ҳамаро маҷбур ба кори доимӣ кардааст;
г) монополиясозии тамоми соҳаҳои тиҷорат дар кишвар онҳоеро, ки байни ду кишвар ё дар ҳарду кишвар тиҷорат доштанд, маҷбур кардааст танҳо Русияро интихоб кунанд…
2. Сиёсӣ
а) фишори рӯзафзун болои камтарин кӯшиши изҳори андеша ҳазорон нафареро, ки наметавонанд ҳамеша хомӯш бошанд, маҷбур ба ҳиҷрат кардааст;
б) боздоштҳо аз тараф мақомоти қудратӣ барои пулситонӣ ва “иҷрои нақшаи террористқапӣ” ҳам ҳазорҳо нафари дигарро водор кардааст ҳиҷратро бар мондан дар кишвар тарҷеҳ диҳанд;
в) манъи ҳама гуна таълимоти динӣ ва рафтани наврасону занон ба масоҷид хонаводаҳои динмеҳварро, ки шуморашон байни тоҷикон бештар аз ҳар мардуми дигари минтақа аст, дар кулли ҷаҳон пароканда кардааст;
г) қабзи қудрат аз тарафи намояндагони як маҳал ва бархӯрди хашин бо камтарин норозигӣ аз ин вазъ, фаъолони (чи собиқ ва чи имрӯзи) маҳалҳои дигарро маҷбур кардааст барои ҳифзи ҷонашон тарҷеҳ диҳанд аз дастрасии мақомоти қудратӣ дуртар бошанд;
д) ҳамин дар қабзаи як маҳал қарор доштани қудрат аз як тараф ва фасоди саросарӣ аз тарафи дигар ҳазорон мутахассисро, ки маҳалашон мутобиқ нест ва ё имкони додани ришваро надоранд, ба кишварҳои дигар бурдааст;
е) бархӯрди бисёр золимона бо фаъолони Бадахшон на танҳо сокинони ин вилоят, балки ҳамаи кишварро аз ояндаи рӯшани кишвар ноумед сохта, ба сели муҳоҷират мавҷҳои нав илова кардааст…
3. Иҷтимоӣ
а) фирори ҷавонон аз артиш ва бинобар тамомисолӣ шудани “облава” маҷбур ба 10 сол дар хориҷ мондан шудани онҳо, хонаводаҳояшонро маҷбур кардааст будан бо фарзанд дар ҳиҷратро ба ҷудоӣ аз ӯ тарҷеҳ диҳанд. Ҳазорҳо хонавода дар ду соли охир маҳз бо ҳамин сабаб тарки кишвар кардаанд;
б) афзоиши қимати билетҳо, камшавии музд дар Русия, хонадоршавии мардон бо занҳои рус ва даҳҳо сабаби дигар боси шуда то занони тоҷик ҳам хостори кӯчидан аз ватан шаванд;
в) поинравии босуръати сатҳи таълим дар мактабҳо, аз ҷумла бинобар ҳиҷрати саросарии муаллимон боис шуда хонаводаҳоеро, ки ба таълими фарзандонашон аҳамият қоиланд, бахусус сокинони деҳотро, ки ҷуз мактаби давлатӣ ҳеҷ мактаби дигаре онҷо вуҷуд надорад, водор ба тарки ватан намояд;
г) шикаста шудани қолабҳо, ки қаблан занони танҳоро аз ҳиҷрат бозмедошт, боис шуда ҳазорҳо зани танҳо аввал худашон, сипас бо хонаводаҳояшон ба муҳоҷират бираванд;
д) ҳиҷрати саросарии ҷавонон ҳазорҳо пиронсолро танҳо гузошта ва онҳо ҳам муҳоҷиратро ба танҳоӣ тарҷеҳ додаанд;
е) фасоди густурда дар тамоми соҳаҳо имкони пайдо кардани кор барои онҳоеро, ки имкони додани ришваро надоранд ё намехоҳанд ғайримумкин кардааст…
Албатта омилу сабабҳои ҳиҷрати саросарӣ бештар аз онаст, ки оварда шуд. Аммо асли масъала ин аст, ки ҳиҷрати саросарии мардум ба ояндаи кишвар ва мавҷудияти он хатари бисёр ҷиддӣ эҷод мекунад. Албатта ҳиҷрат аз шаҳрҳо камтар аст, аммо бо дарназардошти ин ки беш аз 80 дарсади сокинони Тоҷикистон дар деҳаҳо зиндагӣ мекунанд, боқӣ мондани ҳатто кулли сокинони шаҳрҳо ҳам таъсири камтаре ба равнади нобудии кишвар дорад.
Чӣ бояд кард?
Оддтарин роҳи ҳалли ҳар мушкил ин аст, ки бояд сабаби он аз байн бурда шавад. Яъне барои қатъи ҳиҷрати саросарӣ ва ё ҳади ақал камтар кардани он бояд 50-70 дарсади омилу сабабҳое, ки дар боло зикр шуд бартараф карда шаванд. Аммо чун ҳама омилу сабабҳо ба як гурӯҳ ва ё ҳатто хонавода бармегардад, ду роҳи ҳали он мавҷуд аст:
Ё хонавода ихтиёран даст ба ислоҳот мезанад ва ё бо ҳар роҳе аз қудрат канор зада мешавад. Имкони ихтиёран даст ба ислоҳот задани ин хонавода тақрибан баробар ба сифр аст. Дар ин бора дар мақолаи оянда хоҳем гуфт.
Пас танҳо як роҳ барои наҷоти кишвар боқӣ мемонад: канор задани хонавода ғосиб.