Профессори амрикоӣ Эдвард Лемон: Ғарб бояд алайҳи Раҳмон таҳрим ҷорӣ кунад
Хонумҳо ва ҷанобон!
Муҳтарам роҳбарону фаъолони мухолифин!
Дӯстони азиз!
Ман хушҳолам, ки имрӯз тавонистам фикру назари худро бо шумо матраҳ кунам. Аз ҷаноби Маҳмудҷон Файзмонмонов барои даъват ташаккур мегӯям.
Номи ман Эдвард Лимон аст. Ман профессори улуми сиёсат ва таҳқиқоти байналмилалӣ дар Донишгоҳи Колумбия дар Ню-Йорки Амрико мебошам. Ман аз соли 2010 то соли 2013 дар Тоҷикистон — дар Душанбе ва Ванҷ зиндагӣ кардаам. Баъди боздошти Александр Содиқов дар моҳи июни соли 2014, ман шаш моҳ дар Маскав бо муҳоҷирони тоҷик таҳқиқот гузарондам. Ҳозир, ман китоберо дар бораи вазъияти сиёсии Тоҷикистон навишта истодаам. Ҳоло фикрҳои дар бораи вазъияти имрӯзаи Тоҷикистонро инҷо матраҳ хоҳам кард.
Дар соли 1997, ҳукумати Раҳмон ваъда дода буд, ки қудратро тақсим мекунад. Аммо ба ин ваъдаи худ вафо накард. 21 сол пас аз хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ, як оилаи диктатор Тоҷикистонро идора мекунад. Ҳеҷ демократияе вуҷуд надорад ва аз озодӣ хабаре нест. Сиёсатшиносон мегӯянд, ки ҳокимияти диктатураҳо бар се сутун сохта шудааст. Аввал машруъият, дуюм коррупсия ва сеюм зӯроварӣ. Режими Раҳмон ҳамаи ин 3 унсурро барои истеҳкоми қудраташ истифода бурдааст.
Якум, ҳукумат таърихро бознависӣ кард, ки дар он Раҳмонро “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ” муаррафӣ кард. Нақши ҲНИТ ва мухолифон дар барқарории сулҳу Ваҳдати миллӣ аз таърих ҳазф шуд. Раҳмонро худро замонатдиҳандаи сулҳу субот ва ҳимоятгари кишвар аз нуфузи бегонагон муаррифӣ мекунад. Ҳукумат мегӯяд, сиёсат бад аст ва он боиси зуроварӣ ва бесуботӣ мегардад. Аз нуқтаи назари ҳукумат, як шаҳрванди хуб ва ватандӯст он касе ҳаст, ки худро аз сиёсат дур бикашад. Ҳадаф сохтани шаҳрвандони ором аст, ки вазъиятро ҳамон тавре ҳаст бидуни интиқод қабул кунад.
Дуюм, Эмомалӣ Раҳмон қабзаи оилаи худ бар иқтисодиёти кишварро пурзур кард. Элитаи ҳукмрон миллиардҳо долларро дуздида, ин маблағҳоро дар ҳисобҳои офшорӣ пинҳон кардаанд. Асадулозода ширкатҳои Талко, Ориёнбонк ва Сомон Эйр-ро идора мекунад. Рустам раиси шаҳри Душанбе аст. Ширкати Фароз, ки зери назорати Шамсулулло Соҳибов аст, бозори сӯзишворӣ, конҳои тилло ва дигар авоъи бозорро назорат мекунад. Ин як режими фосид аст. Он шахсоне, ки алайҳи хешу қавмпарастӣ мубориза мебаранд, мисли Хайрулло Мирсаидов, Абубакр Азизхоҷае ва Умаралӣ Қувватов, ё равонаи зиндон мешаванд ё кушта мешаванд. Дар ҳоле ки элитаи ҳукмрон сарватмандтар мешавад, бештарини мардум камтар аз 20 сомонӣ масраф мекунанд, то зинда бимонанд.
Сеюм, ҳукумат ба академикҳо, рӯзноманигорон, аъзои ҲНИТ, «Гурӯҳи 24» ва дигарон, ки садои мустақилли худро баланд мекунанд, фишор меорад. Имрӯз, садҳо фаъоли тоҷик дар зиндон ба сар мебаранд. Фишорҳо алайҳи мухолифин ба сарҳадҳои кишвар маҳдуд намешавад. Ҳукумат кормандони КДАМ-ро ба берун аз кишвар мефиристад, то мухолифини дар табъидбуда дар Русия, Туркия, Юнон, Испания, Украина, Малдавия, Беларус ва Литваро ҳадаф қарор бидиҳанд. Оилаҳои фаъолони сиёсӣ, ки дар Ватан ҳастанд, мавриди фишору таъқиб қарор мегиранд. Ҳамчунин ҳукумат ИНТЕРПОЛ-ро ба хотири боздошти фаъолони сиёсӣ истифода мекунад. Таблиғот ва сиёҳкунии мухолифин воқеан дар сатҳи байналмилалӣ сурат мегирад. Ман 75 мавриди ҳадаф қарор гирифтани мухолифин дар хориҷ аз кишварро аз соли 2014 то кунун дар китобам сабт кардаам. Ҳадди ақал 20 фаъоли сиёсии табъидшуда рабуда ва маҷбуран ба Тоҷикистон баргардонда шуданд. фиристод барои бадарға назорат кардан. Ин рақам танҳо бино ба хабарҳое, ки дар ВАО нашр шуд, мебошад. Рақами ҳақиқии рабудашудагони сиёсӣ хеле зиёд аст.
Ҳамон тавре, ки Ленин мегуфт, чӣ бояд кард?
Аввал, мухолифон бояд ривояти ҳукумат аз сулҳу Ваҳдати миллиро ба чолиш бикашад. Шумо набояд аз гуфтани назари худ дар бораи ончи рух дода буд, даст бикашед.
Дуюм, мухолифон бояд бо рад кардани ҳар гуна васоили хушунатомез, ба мухолифат ба барчасби «терроризм» идома диҳанд ва таъкид кунанд, ки чи тавр ҳукумат ба хотири истеҳкоми қудрати худ мутавассил ба хушунат ва зӯроварӣ мешавад.
Сеюм, оппозитсия бояд ҳолатҳои коррупсиёниро таҳқиқ ва кашф кунад. Фасод як ҷиноятест, ки ба шаҳрванд зарба мезанад ва монеъи рушди кишвар мешавад.
Чорум, оппозитсия бояд як ҷабҳаи муттаҳидро ташкил кунад. Шояд байни шумо ихтилофоти фикрӣ вуҷуд дошта бошад, аммо шумо бояд дар масъалаи мубориза бар зидди ноадолитиҳое, ки дар Тоҷикисто рух медиҳад, муттаҳид бошед.
Панҷум, режими диктатории Тоҷикистон ҷаҳонӣ аст. Ин нуқтаи қудрати он аст. Аммо ҳамзамон ин нуқтаи заъфи он ҳам ҳаст. Раҳмон аз ҳисобҳои бонкии худ дар ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё ва истифода аз ИНТЕРПОЛ барои таъқиби мухолифин баҳраманд аст. Мо бояд таомули кишварҳои ғарбиро, ки боиси кумаки режими Раҳмон мешавад, тағйир бидиҳем ва онро ба диққати сиёсатмадорони ғарбӣ бирасонем. Дар чанд моҳи гузашта, мо дар Ню-Йорк, Лондон ва Амстердам конференсияҳои мухталифе баргузор кардем ва баҳсҳое ҷиҳати чӣ бояд кард сурат гирифт. Умедворам, ки битавонам баъзе аз шуморо ба Департаменти ИМА ба наздикӣ даъват кунам ва ончи дар кишваратон мегузарадро ба ҳукумат Амрико матраҳ кунед.
Кишварҳои ғарбӣ чӣ кор карда метавонанд?
Пеш аз ҳама, ин кишварҳо метавонанд ба ИНТЕРПОЛ фишор оваранд, то иҷозат надиҳад, ки аз тарафи режимҳои диктотурӣ суистифода шавад. Конститутсияи ИНТЕРПОЛ ҳар гуна истифода шудани ин ниҳод ҷиҳати таъқиби афроде муттаҳам бо ангезаи сиёсиро манъ кардааст. Мо бояд нишон бидиҳем, ки суистифодаи ИНТЕРПОЛ аз тарафи режимҳои худкама чи тавр зиндагии инсонҳоро аз байн мебарад ва диктаторҳоро кумак мекунад.
Дуюм, ин кишвар метавонанд санксияҳои оқилонаеро ҷорӣ кунанд. Раҳмон, Раҳимзода, Соҳибов, Асадуллозода ва Ятимов бояд дар листи “Global Magnitsky Act” шомил шаванд. Баъд аз ин, ИМА ва дигар кишварҳо метавонанд онҳоро аз ворид шудан ба қаламрави худ манъ кунанд ва дороиҳояшонро боздоранд.
Дар охир, мо бояд қонунҳои Британияи Кабир, ИМА ва Швейтсарияро, ки дикататорҳоро кумак мекунад, то молу дороиҳояшонро пинҳон кунанд, тағйир бидиҳем. Мо бояд нишон диҳем, ки чӣ тавр кишварҳои ғарбӣ ба диктаторон ёрӣ медиҳанд, дар ҳолате, ки мардуми ин кишварҳои диктаторӣ аз фақру ҷаҳл ранҷ мебаранд.
Ташаккур барои таваҷҷуҳатон.
Ҳамеша саломату саодатманд бошед.