11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Дар вилояти Маскав масҷиди тоҷиконро бастанд (Навор)

Имрӯз, 18 май маъмурони интизомӣ ба масҷид дар маҳаллаи Ҷанбуии шаҳри Котелникии вилояти Маскав ворид шуда, баъди кофтуков дари онро мӯҳр заданд. Ин вокуниши мақомоти интизомӣ ба шикояти гурӯҳе аз фаъолони ин маҳалла бо паёми видеоӣ ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфта мешавад. 

Масҷиде, ки дар он асосан тоҷикон намоз мехонанд, дар як бинои ғайриистиқоматӣ байни ду бинои истиқоматӣ ҷойгир шуда ва чун маркази фарҳангии тоҷикон сбатином шудааст.

Намояндагони кумитаи тафтишот, ки ба масҷид омадаанд, тибқи қисми 1 моддаи моддаи 293-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия (хунукназарӣ), парванда оғоз намуда баъди азназар гузаронии бинои масҷид, кормандони масҷидро бозпурсӣ ва сипас дари онро мӯҳр задаанд. 

Як намозгузори ин масҷид ба “Паём” гуфт,  ки мақомот ҳуҷҷатҳои марказро тафтиш карда ва компютерҳои онро мусодира карда кардаанд, аммо касе боздошт нашудааст. Ба гуфтаи ӯ бастани масҷид баъди интишори паёми видеоии сокинон ба Владимир Путин сурат гирифтааст. Ӯ мегӯяд сокинон аз ҷамъшавии афроди зиёд ва пур шудани ҳама кучаҳои наздик аз мошинҳои намозгузорон шикоят кардаанд, аммо дар асл ин гуна ҳаводис танҳо дар рӯзҳои ид иттифоқ меафтад. 

Дар наворе, ки сокинон сабт ва ба Путин муроҷиъа карданд, онҳо бо як эҳсоси бадбинӣ ба муҳоҷирон сӯҳбат карда, мегӯянд ҳамаҷо аз муҳоҷирон пур ва зиндагӣ барояшон танг шудааст.

Русия яке аз кишварҳоест, ки бо сохта шудани масоҷид дар қаламраваш бо шиддат мухолифат мекунад. Барои мисол, дар Маскаве, ки на камтар аз 4 миллион мусалмонон зиндагӣ мекунанд, танҳо 4 масҷид вуҷуд дорад. Яъне барои ҳар миллион нафар 1 масҷид.

Барои муқоиса: дар Киев, пойтахти Укроин, ки то шурӯъи ҳамлаи Русия ба он камтар аз 100 000 мусалмон зиндагӣ мекард, 11 масҷид вуҷуд дошт. Бештари ин мусалмонон баъди ҷанг ба Аврупо ҳиҷрат карданд, аммо дари масоҷид ҳамоно боз аст.   

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *