11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Марзи номус

Дар шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон имрӯз баҳси доғ ронда шудани як роҳбари мактаб дар Ӯзбекистон аст. Аслан аз вазифа сабукдӯш шудани раҳбари як мактаб на танҳо дар як кишвар, ҳатто дар ноҳия хабарсоз нест. Чунин хабар метавонад танҳо дар як деҳа ва ҳатто маҳалла мавриди баҳсу мунозира бошад.

Вале чаро аз вазифа сабукдӯш шудани як раҳбари мактаб дар Андиҷони Ӯзбекистон шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистонро доғ кард ва даҳҳо нафар ин хабарро бознашр карданду садҳо нафар зераш шарҳ навиштанд? 

Чизе, ки корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоиро вориди ин аҳс кардааст, сабаби барканории ин муаллим аст. Ӯ ба он хотир аз кор ронда шудааст, ки хонандагонро барои пешвози меҳмонон бо либоси тунук барои чанд дақиқа ба берун баровардааст. Он ҳам на ҳангоми дарс, балки зимни танаффус. 

Расонаҳои Ӯзбекистон хабар медиҳанд, ки барои омӯхтани ҳодиса аз ҷониби раёсати маорифи халқи вилояти Андиҷон як гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқот ошкор гардида, ки ба мактаби 43-юми Андиҷон як гурӯҳи таблиғотӣ иборат аз зиёиён, рассомон, ходимони илм ва фарҳанг, инчунин равшанкорони фаъол таҳти шиори «Узбекистони нав — ҷаҳонбинии нав» меҳмон мешаванд.

Таҳлили чандсолаи сатҳи фарҳангу дониши мансабдорон ва роҳҳои расидан ба мансабу фаъолияти идории онҳо нишон медиҳад, ки таваққӯъи адлу инсоф ва ҳатто шарафу номус доштан аз чунин нафарон, худфиребист. Ба мансаб асосан онҳое мерасанд, ки аз ин хислатҳо бебаҳраанд ё онро барои соҳиб шудан ба мансабаке дар худ мекушанд. Ин як баҳси тӯлонӣ аст ва барои канор нарафтан аз мавзӯъ онро ба вақти дигаре мегузорем. Танҳо ҳамин ду акс тамоми ҳиссиёти адл, инсоф, одамият, шараф ва номуси “мардон”-и истода дар онро баён кунад. Аз мусалмониву тоҷикият бигзарем. Оне, ки худро мард меҳисобад, ҳади мардиаш бояд чӣ қадар бошад, ки худаш зери соябон биистад ва даҳҳо духтар як тараф, ҳатто як духтарак ё зан зери борон бошад?

Аз қадим на танҳо модару ҳамсару духтар, балки духтару ҳамсари ҳамсоя, ҳаммаҳал, ҳамдеҳа ва ҳатто ҳаммилат барои марди тоҷик марзи номус буд. Таҳқири як духтар дар он сӯи кишвар мардони ғаюри сӯи дигарро ба наъра дармеоварду ба по мехезонд. Таърих садҳо ҷангро ба ёд дорад, ки ба хотири таҳқири зане шурӯъ шудааст. 

Аммо имрӯз аз ғайрату ҷасорати мардони тоҷик ҳамин қадар боқӣ монда, ҷасорати эътироз ба таҳқири саросарии духтар-зан-модар дар кишварро надошта бошанд ва барои аз кор ронда шудани як раҳбари мактаб дар кишвари дигар хушҳолӣ кунанд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *