Асъор ва иқтисод 26.10.20
Нархи арз
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 26 октябр эълон кардааст.
Тибқи нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 100 рубли русӣ барои имрӯз 13сомониву 45 дирам ва дар бозори нақд бошад то 13 сомониву 80 дирам нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10 33 дирам то 10 сомониву 34 дирам арзёбӣ кардааст.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12 сомониву 25 дирам то 12 сомониву 50 дирам арзёбӣ кардааст.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла «Бонки Эсхата» нишондоди асъор нисбат ба дигарон мисли рӯзҳои охири ҳафтаи гузашта, каме болотар нишон дода шудааст.
Ин бонк хариду фурӯши 100 рублро имрӯз аз13 сомониву 90 дирам то 14 сомониву 10 дирам муқаррар кардааст.
Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 100 рубл аз 13 сомониву 40 дирам то 14 сомониву 10 ва дар “Алифбонк” бошад 100 рубл аз 13 сомониву 40 дирам то 14 сомониву 30 дирам нишон дода шудааст.
Дар бозори сиёҳ 100 доллар то 1500 сомонӣ арзиш дорад.
100 рубли русӣ дар бозори сиёҳ то 15 сомонӣ аст.
********
Нархи тилло
Нархи тилло афзоишро идома медиҳад ва арзиши метали қиматбаҳо аз аввали соли равон 26 дарсад боло рафт.
Баҳои ҳар унс тилло дар муъомилоти субҳи имрӯз миёни бонкҳои Лондон 1900 доллару 41 сент муомила шуд.
Як унс тиллои Трой тақрибан 31 грамм металли холис аст.
Ба назари коршиносони умури иқтисодӣ, хариди тилло ба хотири пасандоз кардани дороӣ афзоиши худро идома медиҳад. Интизор меравад, ки нархи миёнаи ин метали қиматбаҳо барои як унсия дар соли оянда каме камтар аз 2000 долларро ташкил диҳад, зеро ба тилло дар айёми пандемия ҳамчун василаи нигоҳдории боигарӣ хеле талабот руз аз руз меафзояд.
Дар ҳамин ҳол, тақрибан 58 дар содироти Тоҷикистонро металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо ташкил медиҳанд.
Тоҷикистон дар зарфи нӯҳ моҳ, аз моҳи январ то сентябри соли равон ба маблағи беш аз 689 миллиону 700 ҳазор доллар сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо ва нимақиматбаҳо содир кард.
Тибқи иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон дар ин давра ба 1 миллиарду 189 миллион доллар расид.
Тибқи ин манбаъ, содироти сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо аз аввали соли равон 5,5 маротиба афзудааст.
Содироти сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо аз нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2019 беш аз 564 миллиону 600 ҳазор доллар зиёдтар аст.
Идораҳои махсусгардонидашудаи Тоҷикистон маълумотро дар бораи он ки ба кадом кишварҳо металлҳои қиматбаҳои ватаниро содир мекунанд, ифшо намекунанд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи омор, табодули мол миёни Тоҷикистон ва Швейтсария дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 5,2 маротиба бештар шуда, 693 миллиону 100 ҳазор долларро ташкил додааст. Зиёда аз 688 миллиону 700 ҳазор доллари ин маблағ ба содироти молҳои Тоҷикистон ба Швейтсария марбут аст.
Бо ҳамин ҳол Швейтсария аз шарикони асосии Тоҷикистон ва қабулкунандаи содироти кишвар мебошад, ки 57,9 дар сад ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Аз ҳамин нишондиҳанда тахмин задан мумкин аст, ки содироти сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо аз Тоҷикистон бештар ба Швейтсария суръат гирифтааст.
******
Нархи фурӯши нафти хом
Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) — ICE Brent Crude Futures-и Лондон 40 доллару 60 сент муъомила шуд.
Нархи миёнгаи ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange (NYMEX) ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 38 доллару 68 сент муомила шуд.
**********
Дар аввали моҳи сентябри соли равон дар мақомоти меҳнат. муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон беш аз 75 ҳазор шаҳрвандоне, ки дар ҷустуҷӯи кор ҳастанд, сабти ном шуданд.
Тибқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, танҳо дар моҳи августи соли 2020 ба хадамоти шуғли аҳолӣ 7 ҳазору 400 нафар оид ба масъалаҳои шуғл муроҷиат кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 дар сад зиёдтар мебошад. Дар ҳамин гуфта шудааст, ки 6 ҳазор нафар бекорон бо кор таъмин карда шуданд.
Шумораи ҷойҳои кории холӣ дар корхонаҳои эълоннамудаи хадамоти шуғл дар аввали моҳи сентябр нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 дар сад афзуда, 11 ҳазор ҷойро ташкил дод.
Ҳамзамон, дар шуғлҳои гулобӣ шумораи ҷойҳои корӣ 5,6 дар сад афзуда, 4 ҳазору 600 ҷойҳои кориро ташкил дод.
Шумораи бекорони расман ба қайд гирифташуда дар мақомоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тотористон дар аввали моҳи сентябр 50 ҳазору 800 нафарро ташкил дод.
Аз бекорони ба қайд гирифташуда занон 49,2 дар сад, ё 25 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.
Сатҳи бекории расман ба қайд гирифташуда 2,1 дар сад аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъолро ташкил медиҳад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон нафарони қобили меҳнати дар Тоҷикистон ҷои кор наёфта, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтагонро ҳамчун нафарони дар кишвар бекормонда намеҳисобад.
********
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, зимни як ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои гуногуни ин вилоятро тайи 9 моҳи соли равон ҷамъбаст кард.
Дар нуҳ моҳи соли равон гардиши савдои хориҷӣ ба 217 миллиону 00 ҳазор доллари амрикоӣ расид. .
Тибқи иттилои нашрияи “Ҷумҳурият” аз қавли котиботи ҳукумати Хатлон, содироти мол 100 миллиону 900 ҳазор долларро ташкил дода, воридоти он ба 116 миллиону 300 ҳазор доллар расидааст.
Гуфта мешавад, “Аз вилоят ба хориҷи кишвар, асосан, нахи пахта, калобаи ресандагӣ, неруи барқ, семент, шираи камол, ангишт ва маҳсулоти кишоварзӣ содир шуда, нурии минералӣ, маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, воситаҳои нақлиёт, маҳсулоти кишоварзӣ, тиббӣ, шакар ва дигар анвои маҳсулот ворид шудааст”.
***
Дар Тоҷикистон бонки нав таъсис доданд. Бонки Миллии Тоҷикистон эълом кард, ки «Саноатсодиротбонк» давлатӣ аст ва аз 23-юми октябр иҷозаи корро соҳиб шуд.
Масъулони бонки нав дар саҳифаи расмии худ дар Фейбсук рӯзи 24-уми октябр навиштанд, «ҷиҳати дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ фаъолияти худро аз ин ба баъд роҳандозӣ менамоянд.» Ҳанӯз дар моҳи августи имсол Ҳокимшо Бобозода раиси бонк таъйин шуда буд. Вай пештар дар бонки давлатии «Амонаткбонк» кор мекард.
Ин дар ҳолест, ки бонкҳои Тоҷикистон тақрибан панҷ сол боз дар шароити буҳронӣ ҳастанд. Дастикам ду бонк муфлис шуданд. , ки ду бонки азими дучори мушкил – «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк»-ро низ барҳам диҳад.
«Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» аз соли 2015 дучори буҳрон шуда, дар бозгардондани пасандози амонатгузорон оҷиз монданд. Охири соли 2016 ҳукумат ба ин бонкҳо зиёда аз 3 миллиарду 300 миллион сомонӣ ёрии молиявӣ кард, вале ин миқдор маблағ ду бонкро аз вазъияти буҳронӣ наҷот надод.
Омори қарзи бонкҳо ҳар рӯз дар ҳоли таҳаввул аст, аммо мувофиқи омори охир танҳо «Агроинвестбонк» аз муштариён 750 миллион сомонӣ қарздор мебошад. Даҳҳо муштарӣ аз ин ду бонк инак панҷ сол боз амонатҳои худро бозпас гирифта наметавонанд.
Бино ба иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 70 созмони қарздиҳӣ ва 17 бонк, аз ҷумла як бонки исломӣ фаъоланд.
Дар як соли охир «Саноатсодиротбонк» бонки севум шуд, ки иҷозаи корро ба даст овард. Пештар созмонҳои қарздиҳии «Арванд» ва «Алиф» низ мақоми бонкро соҳиб шуданд.