Хатсайри нав байни Душанбеву Теҳрон роҳандозӣ шуд
Дафтари матбуоти “Сомон Эйр”, ширкати мутааллиқ ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон эълон кард, парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Теҳрон аз ҷониби ин ширкат роҳандозӣ шудааст.
Қарор аст, нахустин парвоз рӯзи 31 январ анҷом шавад. Ҳавопаймо соати 17:30 аз Душанбе парвоз мекунад. Аз 10 феврал парвозҳо ҳафтае як маротиба, рӯзҳои ҷумъа анҷом дода мешаванд.
Парвозҳо бо ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 сурат мегирад. Тӯли парвоз 2 соату 20 дақиқа то 2 соату 50 дақиқа эълом шудааст.