10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Истихроҷи тилло афзудааст, аммо ҳаҷмаш сиррист

Мақомоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гузориш доданд, ки дар соли 2019 дар муқоиса ба соли гузашта дар кишвар беш аз 25 дарсад бештар тило истихроҷ шудааст. Вазорат чанд сол боз аз эълони ҳаҷми тилои тавлидшуда худдорӣ меварзад, вале бо таваҷҷуҳ ба дарсади афзоиш ва муқоиса бо соли пеш метавон гуфт, ки соли 2019 дар Тоҷикистон беш аз 8 тонна тило истихроҷ шудааст. Сиррӣ будани маълумот дар бораи тақсимоти сарватҳои зеризаминӣ ба коршиносони мустақил ва расонаҳо имкон намедиҳад, суду зиёни соҳаро арзёбӣ кунанд.​

Дар Тоҷикистон, дар маҷмуъ, беш аз 10 ширкат ба тавлиди филизоти гаронбаҳо машғуланд, ки бузургтарини онҳо корхонаи “Зарафшон”, “Апрелевка”, корхонаи “Тилои тоҷик”, ширкати “Покрӯд” ва корхонаи заршӯйии “Одина” мебошанд.

Баъзе аз коршиносон аз он нигаронанд, ки бахши аъзами даромади сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон ба суди ширкатҳои чинӣ аст, чун саҳмияҳои чанде аз корхонаҳои истихроҷи тило пурра моли ширкатҳои Чин шудаанд. 

Мақомоти давлатӣ ҳам хуш надоранд, ки дар мавзӯи коркарди конҳои тилои Тоҷикистон бо саҳмияҳои бештар ба тафсил сӯҳбат кунанд.

Мақомот чаҳор сол пеш ифшои иттилоъ дар бораи истихроҷи тилоро манъ карданд. То замони сиррӣ эълон шудани ин маълумот, дар соли 2016, Тоҷикистон 5 тонна тило ва беш аз се тонна нуқра истихроҷ карда буд.​

Бино ба иттилои Саридораи геологияи тоҷик, захираи тилои кашфшуда дар конҳои Тоҷикистон наздик ба 500 тоннаро ташкил медиҳад.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *