«Мардикор»—филми мустанад дар бораи занони коргар
Дар бораи рӯзгори душвори занони мардикори Тоҷикистон филми мустанад наворбардорӣ шуд.
Дар филми мустанади “Мардикор” оид ба мушкилиҳои ҳаёти занони коргар аз шаҳри Бохтар, ки дар 100 километрии Душанбе воқеъ аст, ҳикоят мешавад.
Дар Тоҷикистон, ки танҳо расман беш аз 53 ҳазор нафар бекорон ба қайд гирифта шудаанд, пайдо шудани ҳар гуна бозори кор маъмулӣ аст. Лекин агар пештар дар ин бозорҳо танҳо мардон хизмати худро пешниҳод мекарданд, пас ҳозир дар ин ҷо метавон бо заноне низ дучор омад, ки барои 2-3 доллар ба иҷрои ҳама гуна кори вазнин омодаанд.
“Дар филми ҳуҷҷатии кӯтоҳмуддати “Мардикор” дар бораи рӯзгору тақдири маҳз чунин занон маълумот дода мешавад, ки байнашон асосан занони муҳоҷирони корӣ мебошанд. Шавҳарони онҳо солҳои тӯлонӣ дар Русия буда, барои таъмини зиндагии онҳо пул намефиристанд. Бисёре аз занони бекори ин бозор ҳатто шаҳодатнома (аттестат)-и хатми мактаби миёна надоранд ва аз нисф зиёдашон серфарзанд мебошанд”, — мегӯяд коргардони филм Маҳпора Киромова.
Филми мазкур дар доираи “Барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ”, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мешавад, таҳия шудааст.