Аз 960 ҳазор хориҷии батоҷикистономада танҳо 33 ҳазорашон сайёҳанд
Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 960 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид шудаанд, ки ҳамагӣ 3,4 дарсади онро сайёҳон ташкил медиҳанд. Дар соли рушди сайёҳӣ аз Тоҷикистон ҳамагӣ 33,3 ҳазор сайёҳ дидан кардааст.
33 ҳазор сайёҳ дар нӯҳ моҳ барои як кишвар рақами хеле поён аст. Барои мисол танҳо ба Анталияи Туркия дар як рӯз (!) ҳудуди 70 ҳазор сайёҳ ворид мешавад.
Коршиносон сабаби асосии рушд накардани сайёҳӣ дар кишварро гаронии қимати билети ҳавопаймо медонанд. Соҳаи авиатсияи Тоҷикитстон ва воридоти сӯзишвории авиатсионӣ монополияи Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Қимати керосини авиатсионӣ, хидматрасонии фурӯдгоҳо ва дигар соҳаҳои авиатсия дар Тоҷикистон ду баробар бештар аз ҳамсоякишварҳо мебошад. Ин монополия ва гаронии қиматҳо боис шудааст қимати билет ҳам 60 то 80 дарсад гаронтар аз ҳамсояҳо бошад.
Нишондиҳандаи наздик ба 1 миллион хориҷӣ ҳам асосан бастагӣ ба лағви виза ба Ӯзбекситон дорад. Дар январ-сентябри соли ҷорӣ бештар аз ҳама шаҳрвандони Ӯзбекистон ба кишвари мо омадаанд – 600,1 ҳазор нафар ё 63,4% аз ҳаҷми умумии меҳмонони хориҷӣ.
Дар зинаи дуюм русиягиҳо қарор дошта, шумори шаҳрвандони тӯли 9 моҳ ба Тоҷикистон воридшудаи ин кишвар 166,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Имкон дорад қисми асосии онҳоро тоҷикони шаҳрванди ин кишвар ташкил медиҳанд.
Дар идома шаҳрвандони Қирғизистон (77,3 ҳазор нафар), Афғонистон (16,4 ҳазор), Қазоқистон (15,5 ҳазор), Чин (15,2 ҳазор), Туркия (5 ҳазор), ИМА (4,9 ҳазор), Эрон (3,9 ҳазор), Ҳиндустон ва Олмон (3,2 ҳазор нафарӣ), Украина (2,6 ҳазор), Британияи Кабир (2,1 ҳазор) ва дигар кишварҳо қарор доранд.
Бино ба маълумоти Агентии омор, шумори асосии шаҳрвандони хориҷӣ – 811 ҳазор нафар (85,7% аз шумори умумии воридшудагон) бо мақсадҳои шахсӣ ба Тоҷикистон омадаанд.
Шумори шаҳрвандони транзитӣ – 26,2 ҳазор, сайёҳон – 33,3 ҳазор, шахсони бо мақсади сафарҳои хизматӣ ва тиҷорат воридшуда- 0,4 ҳазор, барои кор ва таҳсил -30,9 ҳазор ва бо дигар мақсадҳо воридшуда – 44,6 ҳазор нафарро ташкил додааст.