Коршиноси суисӣ: Масъули ҳамла дар Тоҷикистон ДОИШ аст
Шабакаи SRF (Schweizer Radio und Fernseher — Радио ва Телевизиони Суис (Швейтсария) дар мавриди ҳодисаи ахири Тоҷикистон дар таърихи 31-уми июли соли 2018 бо Daniel Glaus — коршиноси масоили вобаста ба тероризм ва экстремизм, ки хос барои шабакаи SRF фаъолият мекунад, анҷом додааст. Фишӯрдаи ин мусоҳаба ба шакли зайл аст:
SRF: Ба назари Шумо ин ҳодисаи ахиреро, ки дар Тоҷикистон рух дод, чигуна ҳодиса метавон номид?
Daniel Glaus: Воқеан ин як ҳодисаи ғамгинкунанда аст ва инро ман як амалиёти маъмулии (Созмони Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом) ДИИШ меҳисобам. Чун дар ин амалиёт аз мошин ва корд истифода шудааст, ки ин хосси ДИИШ мебошад. Ягона чизе, ки дар ин ҳодиса ба назар намерасид, ин надоштани яроқ буд. Аммо ин маънои инро метавонад дошта бошад, ки то ҳол ДИИШ ба нафаронаш дар Тоҷикистон силоҳ таъмин карда натавонистааст.
SRF: Шумо гуфтед, ки ин ҳодаса як амалиёти маъмулӣ аз ҷониби ДИИШ мебошад, вале Ҳукумати Тоҷикистон Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи Наҳзати исломиро гунаҳкор меҳисобад. Ин бо ду ҳам ягон алоқае метавонанд дошта бошанд?
Daniel Glaus: Ман бар зидди ин эътироз надорам, чун шояд онҳо каблан аъзои ин ҳизб буданд, вале баъдтар аз тариқи идеологияи ДИИШ тундрав шуда, ба сафи он пайвастанд. Аммо натиҷа инро нишон медиҳад, ки имруз ДИИШ аз тариқи шабакаи «Аъмок» навореро ба намоиш гузошт, ки дар он ин панҷ нафар хамлагарон дида мешаванд. Ин ҷавонон бо номи раҳбари ДИИШ Абубакр Бағдодӣ қасам ёдкарда, ба Ҳукумати Тоҷикистон таҳдидҳое мекунанд. Ин маънои онро дорад ки онҳо қабл аз анҷоми амалиёт ин наворро сабт карда, ба ДИИШ равон карданд ва ДИИШ ҳам баъди рухдодани ҳодиса ин наворро пахш кард. Ин худ ифодагари онаст, ки ин амал аз тарафи ДИИШ анҷом дода шуд ва ҳадди ақал ҳамлагарон бо ДИИШ иртиботи маҷозӣ доштанд.
SRF: Дар ин навор он нафарон мегӯянд, ки мо бо шаҳрвандони кишварҳое, ки бо артишашон дар Ироқу Сурия алайҳи ДИИШ меҷанганд, мубориза мебарем ва онҳоро нобуд мекунем. Аммо Суис (Швейцария) аз ҷумлаи ин кишварҳо нест. Пас чаро ду шаҳрванди Суис дар макон ва замони номуносибе қурбони ин ҳодиса гардиданд?
Daniel Glaus: Аслан барои ДИИШ шаҳрванди Суис будан ё набудан муҳим нест. Муҳим ҳар нафаре ки бо идеалогияи онҳо мухолиф бошад, ҳадафи ҳамла қарор медиҳанд. Мо ҳам мутаассифона ҳадафи ҳамлаи онҳо қарор гирифтаем, чун ҳамфикри онҳо нестем!
SRD: Дар як гузорише омадааст, ки аз Тоҷикистон зиёда аз 1000 нафар ба сафи ДИИШ пайвастаанд. Суол инҷост, ки чаро аз Тоҷикистон ба сафи ДИИШ пайвастанд ва чаро дар ин шабу рӯз ин ҳодиса дар Тоҷикистон рух дод?
Daniel Glaus: Тибқи маълумоте, ки имрӯз ба дасти ман расид, ин ҳодиса метавонад аз намояндаҳои ДИИШ дар Афғонистон идора шавад. Чун ин созмон алакай дар онҷо мақарри худро дорад ва мехоҳад аз Афғонистон ба Тоҷикистон даромада он ҷо ҳам қудрат пайдо кунад.
SRD: Шумо гуфтед ки ДИИШ мехоҳад дар Тоҷикистон қудрат пайдо кунад. Аммо чигунае, ки ба ҳама маълумаст, ДИИШ дар Сурияву Ироқ шикаст хурдааст. Чӣ гуна метавонад дар Тоҷикистон қудрат пайдо кунад?
Daniel Glaus: ДИИШ дар Сурияву Ироқ чандин минтақаҳои ғасбкардаи худро аз даст дод, вале ба як стратегияи ҷадид рӯ овард, ки қаблан ҳам чунин кореро анҷом дода буд. Ин ҳам бошад дар чандин кишварҳои дигар мақарр пайдо карданд, мисли Сумол, Яман, Либия ва азҷумла дар Афғонистон.