10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Навхонадорон бояд “Ҷумҳурият” ва “Садои мардум” хонанд

Дар ноҳияи Конибодом ва бархе дигар навоҳии вилояти Суғд ба навхонадорон иҷозати мақомот барои барпо намудани тӯй дода намешавад, то замоне, ки ба нашрияҳои давлатии “Ҷумҳурият” ва “Садои мардум” обуна нашаванд.

Аз онҳое, ки барои гирифтани иҷозати тӯй ба шӯъбаи танзим муроҷиъат мекунанд, талаб карда мешавад, ки аввал ба ин ду нашрия обуна шаванд. Онҳое, ки мегӯянд барои обуна шудан пул надорем, посух мегиранд, ки барои тӯй чанд ҳазор доллар пайдо кардӣ, барои инаш ҳам пайдо мекунӣ.

Манбаи мо мегӯяд, ки бе иҷозати шӯъбаи танзим ягон тӯйхона ё тарабхона шартнома намебандад ва ҳатто ҳофизон аз ширкат дар тӯй худдорӣ мекунанд. Чун барои бе иҷозати шӯъба ширкат кардан дар тӯй 4000 сомонӣ ҷарима доштааст.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *